Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: Касе, ки мактабу роҳ месозад, шарт нест, ба Ҳаҷ равад


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар як суханрониаш дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 3-юми октябр гуфт, ки барои ду тоифа аз мардум шарт нест, Ҳаҷ бираванд.

Дар ин суханронӣ, ки берун аз матн буд, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “якум, нафаре, ки хидмати бениҳоят бузург мекунад, дуои неки падару модарро мегирад. Ҳаҷҷаш мустаҷоб мешавад. Аз тоат, ибодат, Ҳаҷҷи акбар ин боло меистад. Дувум, оне, ки эҷод мекунад. Як чиз эҷод мекунад ва соҳибилм аст, дигаронро ба роҳи хуб ҳидоят мекунад. Ана ҳамин мактаб ҳам ҳамин манфиатро дорад. Ё роҳ месозад, ё об меорад, ё дар як деҳа пули роҳгузар месозад.”

Ин суханҳоро Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ рӯзи 3-юми октябр дар ноҳияи Рӯдакӣ ба забон овард. Ин суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки чанд сол боз ҳукумат сокинонро ташвиқ мекунад, ба ҷои тавофи Каъба ба бунёдкорӣ даст зананд. Афроде, ки ба ин гуфтаҳо амал мекунанд, дар расонаҳои давлатӣ корашон таблиғ мешавад.

Охирин чунин мавриди сарфи пули Ҳаҷ дар бунёдкорӣ дар ноҳияи Ашт сабт шуд. Шарофат Мамадҷонова, сокини 77-солаи ноҳияи Ашт беш аз 33 ҳазор сомонӣ пули ҷамъовардаи худу фарзандонашро барои зиёрати Каъба ба сохтмони як маркази таълимӣ супурд. Шарофат Мамадҷонова рӯзи 30-юми сентябр дар ҳузури мақомоти ноҳияи Ашт гуфтааст, ки вазъи саломаташ барои рафтан ба Арабистони Саудӣ мувофиқ нест ва ӯ мехоҳад, пули ҷамъовардаи онҳо барои кори хайр сарф шавад.

Дар мақомоти ноҳияи Ашт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Шарофат Мамадҷонова соҳиби нӯҳ фарзанд буда, 22 сол инҷониб бознишаста аст.

Аз Тоҷикистон ҳамасола беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати хонаи Каъба ба Арабистони Саудӣ мераванд. Ҳоло рафтани соикнони то 40-солаи Тоҷикистон барои рафтан ба зиёрати Каъба манъ аст. Мақомот мегӯянд, бархе аз сокинон солҳо дар навбати ҳаҷ ҳастанд, аммо квотаи сафар ба Саудӣ барои тавофи Каъба маҳдуд аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG