Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон ҳомиладории занон аз пайвандонашон ошкор шуд


Зоишгоҳи Самарқанд
Зоишгоҳи Самарқанд

Дар додгоҳи вилоятии Самарқанди Узбакистон парвандаи ду духтуре баррасӣ мешавад, ки дар "исқоти ҳамли ғайриқонунӣ" муттаҳам шудаанд. Дар ҷараёни баррасии парванда зикр шуд, ки ду зан аз хешони наздик обистан буданд.

Як блогнавис аз Самарқанд, ки ҷараёни баррасии парвандаҳоро назорат мекунад, навишт, 16-уми марти соли ҷорӣ табибон талош карданд, ҷасади ду тифли исқотшударо сӯзонанд. Аммо ба далели баланд набудани оташ ҷисми кӯдакони исқотшуда пурра насӯхтаанд.

"Ба гуфтаи шоҳидон, яке аз духтароне, ки исқоти ҳамл кард, 17 сол дошт ва аз бародараш ҳомиладор буд", - менависад блогнавис.

Як муфаттиш аз вилояти Самарқанд мегӯяд, дар Узбакистон исқоти ҳамл танҳо бояд дар муассисаҳои тиббии давлатӣ сурат бигирад: "Аммо табиби беморхонаи хусусӣ духтареро, ки аз бародараш ҳомиладор буд, ғайриқонунӣ исқоти ҳамл кард".

Муфаттиш мегӯяд, аз чаҳор духтаре, ки исқоти ҳамл карданд, ду нафарашон аз наздиконашон обистан буданд.

XS
SM
MD
LG