Мақомоти ИМА тасмим гирифтанд, ки тақрибан 60 дар сади кормандони сафорати Куба дар Вошингтонро ба ватанашон фиристанд. Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, қаблан Вошингтон баъд аз силсилаҳамлаҳои номафҳуми акустикӣ ё савтӣ ба сафорати кишвар дар Ҳавана 60 дар сади дипломатҳояшро аз Куба берун карда буд. Вазорати умури хориҷаи ИМА рӯзи 29 сентябр хабар дод, бар асари ин ҳамлаҳо 21 нафар осеб дидаанд.
Бори аввал дар бораи мушкили дипломатҳои амрикоӣ дар сафорати кишвар дар Ҳавана як сол пеш хабар расид. Бино ба манбаҳое, ки матбуоти Амрико аз онҳо иқтибос овардааст, тирамоҳи соли 2016 якчанд корманди сафорати Амрико дар Ҳавана мушкили шунавоӣ, дарди сар ва аломатҳои монанд ба зарбаи мағзӣ пайдо карданд. Якчанд нафари онҳо маҷбур шуданд ба Амрико баргарданд ва як нафар шунавоияшро аз даст дод.
Бори ахир дипломатҳои ИМА дар Куба моҳи август мавриди ҳамлаи "акустикӣ" ё савтӣ қарор гирифтанд.
Сабаби ин ҳодиса маълум нест. Аммо нашрияи The Washington Post рӯзи 10 август навишт, ки бинобар натиҷагирии мутахасисони амрикоӣ, дипломатҳо таҳти таъсири дастгоҳи савтие қарор доштанд, ки дар басомадҳо кор мекард, ҳарчанд гӯш ин садоро намешунавад.
Куба даст доштанаш дар ин ҳамлаҳоро рад мекунад.
ИМА ва Куба робитаҳои дипломатиро соли 2015 барқарор карданд. Аз ин пеш тақрибан панҷоҳ сол ду кишвар гирифтори бӯҳрони сиёсиву дипломатӣ буданд.