Пайвандҳои дастрасӣ

Бонкҳои Узбакистон ҳанӯз ҳам асъори хориҷӣ намефурӯшанд


Нахуствазири Узбакистон Абдулло Орифов.

Расонаҳо менависанд, бонкҳои Тошканд рӯзи 2 октябр ба шахсони воқеӣ асъори хориҷӣ нафурӯхтаанд. Дар ҷаласаи ҳукуматӣ рӯзи 24 сентябр сарвазири ин кишвар Абдулло Орипов гуфт, ки дар Узбакистон фурӯши асъори хориҷӣ ба сокинон аз 1 октябр иҷозат дода мешавад. Шоҳидон мегӯянд, рӯзи 2 октябр дар "Халқ бонк", "Миллӣ бонк", "Ипотека бонк" ва дигар бонкҳои Тошканд асъори нақди хориҷӣ ба шахсони воқеӣ фурӯхта нашуд.

Дар Узбакистон сар аз 5 сентябр шахсони воқеӣ ҳаққи фурӯши асъори хориҷиро дар нуқтаҳои табодули асъор пайдо карданд. Тошбек, як сокини Тошканд мегӯяд, сокинон ҳанӯз асъори хориҷиро аз "бозори сиёҳ" дастрас мекунанд. "Бозори сиёҳ" мисли пешин озодона амал намекунад. Вале мақомот натавонистаанд, ки "бозори сиёҳ"-ро комилан бибанданд.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, ҳукумати Узбакистон ният дорад, барои ба эътидол овардани вазъи бозори асъораш аз Бонки ҷаҳонӣ то $1 млрд. қарз бигирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG