Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эьлони ҳукми Навоз Шариф ба таъхир афтод


Нахуствазири пешини Покистон Навоз Шариф

Додгоҳи Покистон рӯзи 2 октябр, эълони ҳукми нахуствазири пешин Навоз Шарифро бинобар ба додгоҳ ҳозир нашудани фарзандони ӯ, ки дар қазияи фасодкорӣ дар баробари падарашон ҷавобгар ҳастанд, то як ҳафтаи дигар мавқуф гузошт.

Додгоҳи Исломобод 9 октябрро рӯзи эълони ҳукми Навоз Шариф, ду писари ӯ, духтар ва домодаш таъин кард.

Муҳсин Шоҳнавоз Ранҷа, вакили Навоз Шариф ва узви ҳизби ӯ гуфт, ки ҳамсари нахуствазири пешин аз саратони гулӯ дар Лондон табобат мегирад ва фарзандон модарро ҳамроҳӣ мекунанд. Худи Шариф дар додгоҳ ҳузур дошт.

Навоз Шариф дар заминаи таҳқиқи фошкориҳои маъруф ба "Авроқи Панама", ки гуфтааст Шариф ва дигарон сарватҳои пинҳонӣ дорад, дар ростои ҳукми Додгоҳи Олӣ қарор дорад.

Мои июл Додгоҳи Олӣ Навоз Шарифро ба истеъфо маҷбур кард. Шариф иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки таъқиби ӯ ҷамбаи сиёсӣ дорад.

Рақибони нахуствазири пешин ӯро ва хонаводаашро ба "пулшӯӣ" ва истифодаи дороиҳо барои харидории моликият дар Лондон муттаҳам мекунанд.

Навоз Шариф, ки аз ҳокимияти мулкӣ дар Покистон ҷонибдорӣ мекунад, бо низомиён мушкил дорад. Тарафдорони Шариф мегӯянд, ки дар истеъфои иҷбории ӯ низомиёни неруманд даст доранд.

Гузоришҳои видеоӣ

Умеду ноумедиҳо аз пешниҳоди афв дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00
XS
SM
MD
LG