Пайвандҳои дастрасӣ

Як сокини Ашт пули сафари Ҳаҷро ба маркази таълимӣ дод


Шарофат Мамадҷонова

Як сокини 77-солаи ноҳияи Ашт беш аз 33 ҳазор сомонӣ пули ҷамъовардаи худу фарзандонашро барои зиёрати Каъба ба сохтмони як маркази таълимӣ супурд. Шарофат Мамадҷонова рӯзи 30-юми сентябр дар ҳузури мақомоти ноҳияи Ашт гуфтааст, ки вазъи саломаташ барои рафтан ба Арабистони Саудӣ мувофиқ нест ва ӯ мехоҳад, пули ҷамъовардаи онҳо барои кори хайр сарф шавад.

Дар мақомоти ноҳияи Ашт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Шарофат Мамадҷонова соҳиби нӯҳ фарзанд буда, 22 сол инҷониб бознишаста аст. Сайидои Шодӣ, сухангӯи раиси ноҳияи Ашт гуфт, “онҳо ҳамроҳи фарзандон тасмим гирифтаанд, ки пули ҷамъовардаи худро ба сохтмони Маркази Таҳсилоти Иловагӣ дар ноҳия бидиҳанд. Ин кори савоб аз ҷониби мақомот тарафдорӣ ёфт.”

Шавҳари Шарофат Мамадҷонова дар 48-солагӣ даргузашта, бори тарбияту бузург кардани нӯҳ фарзанд ба дӯши ин зан афтодааст. Наздикони Шарофат Мамадҷонова гуфтанд, худи ӯ солҳои тӯлонӣ дар Маркази Таҳсилоти Иловагӣ кор кардааст ва барои ҳамин тасмим гирифт, ки пулро ба сохтмони бинои ин марказ бидиҳад. “Дар 55-солагӣ аз он даргоҳ ба нафақа баромадааст ва ҳоло мехоҳад, ки сохтмони нави ин марказ ҳарчи зудатр хотима ёбад,” гуфт яке аз наздикони Мамадҷонова.

Ҳоло Шарофат Мамадҷонова тақрибан дусад сомонӣ ҳаққи бознишастӣ мегирад ва дар хонааш ҳамроҳи фарзанди хурдӣ Муродҷон Мамадҷонов ва оилаи ӯ зиндагӣ мекунад.

Сохтмони бинои нави Маркази Таҳсилоти Иловагӣ дар маркази ноҳияи Ашт тобистони имсол оғоз ёфта буд.

Ду сол пеш Норбибӣ Дӯстмуродова, сокини 80-солаи ноҳияи Деваштич, беш аз 16 ҳазор доллар пули ҷамъовардаи худу фарзандонро барои зиёрати Каъба барои сохтмони ду пул дар рустоҳои Метку Хишекат сарф кард.

Ҳаҷ яке аз аркони панҷгонаи дини Ислом аст ва ҳар сол барои адои он аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар мераванд. Нархи Ҳаҷ ҳудуди чаҳор ҳазор доллар буда, мақомот афроди аз 40-сола болоро барои зиёрати Хонаи Худо мефиристанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG