Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми баландпояи шаҳрдорӣ дар Украина кушта шуд


Пулиси Украина

Мақомоти Украина дар шаҳри марказии Черкасӣ мегӯянд, ки мушовири шаҳрдорӣ баъди чанд соати сӯҳбати телевизионӣ дар бораи фасодкорӣ, бо зарби гулӯла кушта шуд.

Пулиси маҳаллӣ гуфт, ки Михайло Бинусов, узви ҳизби "Иттиҳоди ватанпараварон"- Украина бегоҳи 28 сентябр дар саҳнаи ҳамла ба ҳалокат расид.

Дар робита ба ин куштор, ки пулис омилони онро "афроди ношинос" унвон кард, то ҳол ҳеҷ нафаре боздошт нашудааст.

Пулис мегӯяд, ки марги Бинусов аз рӯи банди қонун дар бораи "куштори барқасдона" таҳқиқ мешавад.

Бинусов рӯзи 22 сентябр ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раҳбари департаменти шаҳрдорӣ таъин шуд, ки аз рӯи фаъолияти хадамоти коммуналӣ назорат мекунад.

Шаҳрдори Черкасӣ Анатолий Бондаренко гуфт, ки вазифаи аслии Бинусов поён додан ба фасодкорӣ дар хадамоти коммуналӣ буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG