Пайвандҳои дастрасӣ

СБП ба Тоҷикистон намояндаи нав фиристод


Дафтар матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, ҳайати нави Сандуқи байналмилалии пул оид ба Тоҷикистон дар садри хонум Падамжа Ханделвал, рӯзи 28-уми сентябр ба мақомот муаррифӣ шуданд. Хонум Ханделвал дар ин симмат намояндаи пешини Сандуқи байналмилалии пул Пол Россро иваз кард. Бо муаррифӣ шудани намодаи Сандуқи байналмилалии пул дар Бонки миллӣ, мулоқоти хонум Ханделвал ва масъулони Бонки миллӣ бо ширкати Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва муовинаш Ҷамолиддин Нураллиев доир шудааст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси Бонки миллӣ дар ин мулоқот гуфтааст, ниҳоди зери роҳбариаш алоқаманди ҳамкорӣ бо Сандуқи байналмилалии пул дар робита бо «таъмини суботи молиявӣ» ва «барқарор кардани эътимоди аҳолӣ» ба бонкҳо аст. Ин гуфтаҳои Нурмуҳаммадзода дар ҳолест, ки ду бонки бузурги тиҷоратии Тоҷикистон -- "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" бо вуҷуди гирифтани то 3 миллиард сомонӣ маблағ аз давлат, мушкили молиашон ҳал нашуд ва ҳанӯз ҳам дар боз гардонидани амонатҳои мардум оҷизанд.

Тоҷикистон қаблан хостори дарёфти 500 миллион доллар қарзи имтиёздор аз Сандуқи байналмилалии пул шуда буд. Аммо бо гузашти ду сол аз музокирот, кишвар барои дарёфти ин маблағ аз ин хазина муваффақ нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG