Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи ДИИШ як паёми савтӣ аз раҳбари худ нашр кард


Гурӯҳи "Давлати исломӣ" (ДИИШ) рӯзи панҷшанбеи 28-уми сентябр паёми савтиеро нашр кард, ки ба раҳбари он Абубакр Ал-Бағдодӣ нисбат дода мешавад. Хабаргузориҳо гузориш доданд, ки ин паёми савтии 45-дақиқаӣ аст, аммо замони сабти он маълум нест. Абубакр Ал-Бағдодӣ дар паёми худ ба таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ алайҳи Ҷопон ва Амрико ишора кардааст. Раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ин паёми савтӣ хостори идомаи ҷанг дар Сурия ва Ироқ шуда ва аз аъзои гурӯҳи худ хостааст, то ба марказҳои расонаҳое, ки ба гуфтаи ӯ "ҷанги фикрӣ" алайҳи ин гурӯҳ роҳ меандозанд, ҳамла кунанд. Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз баёнияи як ниҳоди истихборотии амрикоӣ овардааст, ки онҳо дар ҳоли баррасии ин паём ҳастанд ва ҳеҷ шакке дар воқеӣ будани он вуҷуд надорад. Русия ҳудуди як сол қабл гуфт, ки Абубакр Ал-Бағдодӣ дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар дар шаҳри Раққаи Сурия кушта шудааст. Аммо дурустӣ ва нодурустии он баъдан таъйид нашуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG