Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Қирғизистон созиши марзиро бо Узбакистон тасвиб кард


Порлумони Қирғизистон дар хониши севум лоиҳаи қонуни шартномаи марзӣ бо Узбакистонро ба тасвиб расонд.

Дар маркази матбуотии порлумон рӯзи 28-уми сентябр гуфтанд, ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун 97 вакиле, ки дар ҷаласа ширкат доштанд, ҳамагӣ раъйи мусбат додаанд. Муҳокимаи шартнома пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.

Интизор меравад, баъд аз тасдиқи порлумон, қонун аз сӯи президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва ҳамтои узбакаш Шавкат Мирзиёев дар Тошканд имзо шавад. Расонаҳо менависанд, сафари Отамбоев ба Тошканд 5-уми октябр дар назар аст.

Шартномаи марзӣ ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев ба Бишкек дар таърихи 5 сентябри соли ҷорӣ имзо шуда буд. Ба иттилои ҳукумати Қирғизистон, шартнома 85 дарсади марзи муштаракро фаро мегирад.

Гуфта мешавад, 15 дарсади марзи боқимонда то охири соли ҷорӣ дақиқ хоҳад шуд. Ба далели муайян набудани марз миёни сокинони наздимарзии ду кишвар борҳо низоъ бархостааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG