Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони низомии Украина "диверсия" дар сӯхтори анбори силоҳро рад кард


Додситони низомии Украина Анатолий Матиос изҳор намуд, ки мақомоти тафтишотӣ ягон гурӯҳи тахрибкор дар қазияи сӯхтор дар анбори муҳимоти ҷангии вазорати дифои кишвар дар канори шаҳраки Калиновкаи вилояти Винитсаро пайдо накардаанд. Муфаттишон баъд аз омӯзиши маводи Хадамоти амнияти Украина ва дигар ниҳодҳои қудратӣ ба натиҷае расиданд, ки оташсӯзӣ дар анбори силоҳ диверсия ё тахрибкории гурӯҳи ғайр нест. Фарзияи харобкорӣ бо мусоидати ҳавопаймои бесарнишин ҳам тасдиқ нашуд.

Таркиш дар анбори мухимоти ҷангии Виннитса шаби 27 сентябр рух дод. Сухангӯи Хадамоти амнияти Украина Елена Гитлянская дирӯз ба расонаҳо гуфт, ки Киев сӯхтор дар анбори силоҳро чун харобкории нерӯҳои душман арзёбӣ мекунад. Ёвари раисиҷумҳури Украина Юрий Бирюков ҳадс зад, ки диверсия аз тариқи ҳавопаймои бесарнишин сурат гирифтааст.

Ба иттилои полис, аз шаҳраки Калиновка ва рустоҳои атроф 28 ҳазор нафар ба дигар макон кӯчонида шуданд. Дар ин ҳодиса ду нафар осеб дид. Ҳарими ҳавоӣ ва шоҳроҳи Винитса -Киев баста ва ҳаракати қатораҳо маҳдуд шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, хисороти сӯхтор дар анбори муҳимоти ҷангии вилояти Виннитсаи Украина 800 миллион долларро ташкил додааст

XS
SM
MD
LG