Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуруллоҳ Отахонов дар Узбакистон ба тундгароӣ муттаҳам шуд


Нуруллоҳ Отахонов
Нуруллоҳ Отахонов

Нуруллоҳ Отахонов, нависандаи 63-солаи узбак, ки баъди ду соли табъиди ихтиёрӣ дар Туркия, рӯзи 27-уми сентябр ба Узбакистон баргашт, дар боздоштгоҳе дар шаҳри Тошканд нигаҳдорӣ мешавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон ба наздикони нависанда машварат додаанд, ки вакили дифоъ киро кунанд.

Гулнора Отахонова, ҳамсари нависанда мегӯяд, шавҳари вай дар паҳн кардани ақидаҳои тундгароӣ дар китоби "Ин рӯзҳо"-яш айбдор мешавад.

Дар китоби "Ин рӯзҳо" нависанда рушди Узбакистонро дар солҳои истиқлол танқид мекунад. Нависанда дар ин китоб ҳамчунин низомеро, ки президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов асос гузошта буд, танқид ва худкома номидааст.

Нуруллоҳ Отахонов аз Истанбул ба Тошканд баргашт. Вай аз сӯи кормандони мақомоти қудратӣ дар фурудгоҳи Тошканд боздошт ва ба идораи пулис бурда шуд.

Ҳамсари нависанда мегӯяд, дар идораи пулис бо шавҳараш мулоқот кардааст. Ба гуфтаи муфаттишон, Кумитаи кор дар умури дини назди девони вазирони Узбакистон китоби "Ин рӯзҳо"-ро тундгароӣ эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG