Пайвандҳои дастрасӣ

ABC: Тоҷирони амрикоӣ ба бунёди наздик ба Трамп $2 млн рехтанд


Лен Блаватник - тоҷири амрикоӣ

Се соҳибкори амрикоӣ ба фондҳои сиёсии марбут ба президенти ИМА Доналд Трамп наздик ба 2 миллион доллар хайр кардаанд. Ин пулҳо дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ва баъд аз анҷоми интихоботи соли гузашта Амрико интиқол ёфтаанд.

Дар ин бора шабакаи телевизионии ABC News рӯзи 27-уми сентябр хабар дод. Ба гуфтаи шабака, додситони вежаи таҳқиқи дахолати Русия ба умури интихоботи соли гузашта Роберт Мюллер, ин далелҳоро таҳқиқ мекунад.

ABC News мегӯяд, ки санҷиш дар робита ба Леонард Блаватник, Саймон Кукс ва Эндрю Интратер анҷом мешавад. Ҳамаи онҳо, ба гуфтаи шабакаи ABC, бо раҳбари бунёди "Сколково"-и Русия ва раҳбари Шӯрои директорҳои ширкати "Реново" Виктор Векселберг робита доранд.

Блаватник, зодаи Украина буда, шаҳрванди Британия ва Амрико аст. Соҳибкор дар бахшҳои амволи ғайриманқул, захоири табии, васоити ахбори умум ва тавлиди мусиқӣ сарват дорад. Шабакаи ABC News мегӯяд, ки Блаватник ба маъракаи интихоботии Трамп пул надодаст. Аммо ӯ аз охири моҳи апрели соли 2016 ба ҳисоби кумитаи миллии Ҷумҳурхоҳ 400 ҳазор доллар гузаронд. Блаватник ба маросими саваганди Трамп наздик ба 1 миллион доллар дод.

Саймон Кукс, ки решаҳои русӣ дорад ва соҳибкор Эндрю Интратер ба бунёди Трамп ҳар кадоме 300 ҳазор доллар рехтанд.

Ин се тоҷир пулҳоро ба ҳисоби ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар ҳоле ворид карданд, ки пирӯзии Трамп дар интихоботи президентӣ маълум шуда буд.

Таҳқиқи дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико ҷараён дорад. Мушовири вежа Роберт Мюллер маълум хоҳад кард, ки дар байни ситоди Трамп ва Кремилин, барои заъиф кардани мавқеи рақиби Трамп- Ҳиллари Клинтон, маслиҳати пешакӣ вуҷуд дошт ё не.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG