Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири молияи Покистон дар фасод айбдор мешавад


Исҳоқ Дор

Додгоҳе дар шаҳри Исломободи Покистон вазири молияи кишвар Исҳоқ Дорро дар фасод айбдор кард. Муфаттишон ошкор намуданд, ки сармояи ӯ хело бузургтар аз маблағи расман эъломкардааш аст.

Ҳангоми ироаи иттиҳом рӯзи 27 сентябр Исҳоқ Дор дар толори додгоҳ ҳузур дошт. Намояндаи Лигаи мусалмонҳои Покистон, ниҳоди ҳукмрон дар Покистон, ба хабарнигорон гуфт, ки вазири молия иттиҳомро қатъӣ рад кард. Худи Исҳоқ Дор аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ намуд.

Бар пояи қавонини Покистон, Исҳоқ Дор то замони собит шудани гуноҳаш дар мақом боқӣ мемонад. Вале сиёсатмадорони мухолифи давлат аз ӯ даъват карданд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.

Исҳоқ Дор бо нахуствазири пешини Покистон Навоз Шариф робитаи наздик дорад.

Худи Навоз Шариф рӯзи 26 сентябр бори аввал баъди истеъфояш аз мақоми сарвазирӣ дар додгоҳи зидди фасод ҳозир шуд. Ӯ рӯзи 28-уми июл пас аз эълони ҳукми Додгоҳи олии Покистон дар бораи бозпас гирифтани салоҳияташ аз мақоми нахуствазирӣ канорагирӣ кард.

Навоз Шариф ва се фарзанди ӯ дар фасодкорӣ замони нахуствазирияш дар солҳои 90-уми қарни гузашта муттаҳам мешаванд. Рақибони сиёсии Навоз Шариф ӯ ва хонаводаашро дар шустушӯи пул ва аз ҳисоби сармояи давлат харидории амвол дар Лондон айбдор мекунанд. Аммо пайвандони Навоз Шариф мегӯянд, ки амволро дар Лондон солҳои 80-ум баъд аз сармоягузорӣ дар Қатар харидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG