Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Муқимҷон Абдуфаттоев аз раҳбарии театри Бӯстон


Муқимҷон Абдуфаттоев
Муқимҷон Абдуфаттоев

Ҳаҷвнигори шинохта Муқимҷон Абдуфаттоев баъди ба гардиш даромадани як навори фаҳшо гӯё бо иштироки ӯ ва, инчунин, тафтиши театри русии ба номи Пушкини шаҳри Бӯстон (Чкалови собиқ), ки ду сол боз раҳбариашро бар ӯҳда дошт, аз мақоми худ барканор шудааст. Як манбаъ дар Идораи фарҳанги вилояти Суғд рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори барканории Абдуфаттоев ду рӯз пеш содир гардид.

Иддао доранд, гӯё маблағҳоеро, ки барои таъмиру тармими театр сарф кардам, ғайриқонунӣ буд. Гӯё даромади театр аз спектакли “Доғ”-ро ҳам ба ҷайб задаам.

Муқимҷон Абдуфаттоев соли 2015 раҳбари театри русии ба номи Пушкини шаҳри Бӯстон таъин шуда ва корро аз таъмири бино шуруъ кард. Аммо ахиран мақомот ӯро барои азхудкунии маблағи таъмири бино ва пули намоишномаи "Доғ" муттаҳам намуданд.

Манбаи мо дар идораи фарҳанги вилояти Суғд низ гуфт, "масъалаи аз кор озод шудани Муқимҷон Абдуфаттоев асосан ба тафтиши театри русии ба номи Пушкини шаҳри Бӯстон рабт мегирад. Дар ин қазия ӯ барои азхудкунии маблағ гумонбар аст ва додситонӣ низ парванда боз намудааст". Вале ин ҳамсуҳбати мо гуфт, пайдо шудани як навори фаҳшо дар ҳафтаҳои ахир гӯё бо иштироки Муқимҷон Абдуфаттоев ба ин оташ равған рехтааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз манобеи наздик ба Муқимҷон Абдуфаттоев гуфтанд, ки ӯ пас аз ифшои камбудҳо дар театри ба номи Пушкин дар шаҳри Бӯстон аз мақомаш истеъфо додааст. Ҳоло ин вазифаро Нарзулло Шарифов, саркоргардони театр бар уҳда дорад.

Муқимҷон Абдуфаттоев: "Қаҳрамони навори фаҳшо ман нестам"

Худи Муқимҷон Абдуфаттоев то ин дам дар бораи аз мақом рафтан ва сабабҳои барканориаш ҳарфе нагуфтааст. Аммо ӯ як ҳафта пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гӯё қаҳрамони як навори фаҳшо будани худро рад кард ва, инчунин, гуфт, бо пули худ театри шаҳри Бӯстонро таъмир намуду ба дарди сар печид.

“Иддао доранд, гӯё маблағҳоеро, ки барои таъмиру тармими театр сарф кардам, ғайриқонунӣ буд. Гӯё даромади театр аз спектакли “Доғ”-ро ҳам ба ҷайб задаам. Аммо ин ҷо як чизро гуфтаниам, ки ман ба таъмиру тармими як театри давлатӣ бори нахуст даст задам ва маблағеро, ки доштам, сарф намудам”, - гуфта буд ӯ.

Муқимҷон Абдуфаттоев: "Агар дар навор ман бошам, Худо ҷазоямро диҳад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

Муқимҷон Абдуфаттоев, раҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Хандинкамон” тамоми ин иттиҳомот ва пайдо шудани як навори фаҳшоро талоши латма задан ба обрӯву эътибор ва ҳамин тавр кӯшише барои аз саҳна канор задани ӯ донист. Ӯ иддао карда буд, ки чунин корро танҳо рақибон ё масъулоне карда метавонанд, ки аз кадом танзи ӯ талхӣ дидаанд.

Ин ҳаҷвнигори шинохта гуфта буд, тамоми мушкилаш аз замони таъин шудан ба мақоми раҳбари театри ба номи Пушкин оғоз ёфт ва соли 2016 ва 20й7-ро вазнинтарин солҳо барои худ донист. “Ман дар 7-8 моҳи охир гирифтори ингуна баҳсу талошҳо шуда, аз кори эҷодӣ дур мондам. Асабҳоям хароб ва хеле хаста ҳам шудам. Ҳоло фикр мекунам, бояд каме дам бигирам, ба пизишк муроҷиат кунам ва табобат бигирам», - гуфта буд ӯ.

Муқимҷон Абдуфаттоев бо писараш Муслим
Муқимҷон Абдуфаттоев бо писараш Муслим

Муқимҷон Абдуфаттоев зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, ба қавли алви худаш понздаҳ соли пеш ба шаҳри Хуҷанд кӯчид ва тӯли ин муддат дар онҷо ба фаъолият машғул буд. Ӯ гурӯҳи ҳаҷвии «Хандинкамон»-ро таъсис дода, раҳбариашро бар уҳда дорад.

Дар ду моҳи гузашта ҳадди ақал ду ҳунарманди саҳнаи театру мусиқии тоҷик мавриди тӯҳмату бадгӯӣ қарор гирифта, маҷбур шуданд бо кумаки матбуот беасос ва ноҳақ будани ин ҳарфу овозаҳоро собит кунанд. Овозхон Шабнами Собирӣ аз овозаҳои боздошту ҷиноят содир карданаш нороҳат буд ва Ҷамшеди Ҳалим мегӯяд, касеро таҳқир накарда ва боздошт нашудааст. Аммо мақоми расмӣ доштани Муқимҷон Абдуфаттоев нагузошт, ки ӯ оромона ин марҳиларо паси сар кунад.

XS
SM
MD
LG