Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз нақзи фарогири ҳуқуқи башар дар Қрим хабар дод


Қрим
Қрим

Созмони Милали Муттаҳид дар як гузориши вежа дар шибҳаҷазираи Қрими Украина, ки Русия онро ишғол кардааст, аз шиканҷаву нопадидшавии одамон, нақзи Эъломияи Женева ва қонунҳои байналмилӣ хабар дод.

"Вазъи ҳуқуқи инсон баъди ишғоли Қрим аз ҷониби Русия шадидан вахим шуд,"- омадааст дар гузориши дарфтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури Ҳуқуқи Иснон, ки 25 сентябр пахш шуд.

Ин гузориш мегӯяд, ки нақзи ҳуқуқи инсон, ба мисли боздоштҳои ғариқонунӣ нопадидшавиҳои иҷборӣ, шиканҷаву зуроварӣ ва дастикам як қатли бе мурофиа сабту санад шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки Эъломияи Женева ва дигар санадҳои башарӣ ва байналмилалӣ дар ҳоле нақз шуданд, ки қонунҳои Русия ҷойгузини қонунҳои Украина шуд ва шарҳвандии Русия бар даҳҳо ҳазор бошандаи Қрим таҳмил шуд.

Ин санад мегӯяд, ки раванди иҷбории таҳмили шаҳрвандии Русия ба бошандагони Қрим таъсири бад гузошт; хизматчиёни давлатӣ бояд аз шаҳрвандии Украина даст мекашидан ё ҷойи кори худро аз даст медоданд; сокинони Қрим, ки ба талаби меъёрҳои ҳуқуқии шаҳрвандии Русия ҷавобгӯ набуданд, ба "хориҷӣ табдил ёфтанд.

Бар пояи ин гузориш, садҳо зиндонӣ ва боздоштшудаҳо "ба федератсияи Русия интиқол ёфтанд, "таҷрибае, ки қонуни байналмилалӣ истифодаи онро шадидан манъ кардааст".

XS
SM
MD
LG