Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии раис барои роҳ додан ба қочоқи шоҳин


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Исматулло Абдуллозода, директори фурудгоҳи Душанберо барои роҳ додани қочоқи паррандаҳо бозпурсӣ кардааст. Панҷ рӯз пештар аз ин, маъмурони кумита Анвар Сафаров, корманди Хадамоти гумрук дар фурудгоҳро бо иттиҳоми имкон додан ба қочоқи паррандаҳои нодир ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт карданд.

Як мақоми интизомӣ рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раиси фурудгоҳ ба он хотир бозпурсӣ шудааст, ки имкон дошт, аз қочоқи паррандаҳои нодир ҷилавгирӣ кунад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Анвар Сафаров, ба ҳайси нозири калони дидбонгоҳи ба расмиятдарорӣ дар гумруки фурудгоҳи Душанбе кор мекард.

Ҷамила Мирбозхонова, сухангӯи Хадамоти гумрук рӯзи 25-уми сентябр боздошти Анвар Сафаровро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ин корманди гумрук бо гумони роҳ додан ба кочоқи паррандаҳои нодир боздошт шудааст. Бино ба гузоришҳо, Анвар Сафаровро ба мусоидат ба қочоқи 6 шоҳин ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ муттаҳам мекунанд. Дар кишварҳои арабӣ шоҳин маҳбубияти зиёд дорад ва ин паррандаҳоро барои шикор истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG