Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як зани ҳомила бо маводи мухаддир дар Хоруғ


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти як зани ҳомилаи сокини ноҳияи Ишкошим хабар дод, ки мехост як миқдор аз ҳашишро аз Ишкошим ба маркази Бадахшон шаҳри Хоруғ интиқол диҳад. София Маҳмадназарбекова қабл аз зӯҳри 22-юми сентябр дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ аз сӯи мақомоти амниятӣ боздошт шудааст.

Мақомоти амниятӣ мегӯяд, ки ҳини тафтишот ин зани зодаи Рӯшон ва ҳоло сокини Ишкошим иқрор шудааст, ки маводи мухаддир ба шавҳараш Замон Миравазбеков тааллуқ дошта ва ба ӯ дастур додааст, ки онро дар Хоруғ ба сокинони ин шаҳр Отамшо Ниёзбеков ва Кавсар Асаншоев расонад. Дар ҳоли ҳозир Замон Миравазбеков ва Отамшоҳ Ниёзбеков дар боздошт ба сар мебаранд ва тибқи баёни онҳо, маводи мухаддиро аз як шаҳрванди Афғонистон бо номи Гулбек ба даст овардаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки нафари савум -- Кавсар Асаншоев, ки қаблан барои тиҷорати маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда ва бар асоси қонуни афви соли 2016 ба озодӣ баромад, дар ҳоли ҳозир аз сӯи мақомот ҷустуҷӯ мешавад. София Мамадназарова бинобар он, ки кӯдаки 2-сола дорад ва ҳамчунин ҳомила мебошад, ба таври муваққатӣ аз ҳабси пешакӣ озод карда шудааст.

Мақомот мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар вилояти Бадахшон 806 нафар ҷавонон ба таври расмӣ дар рӯйхати нашъамандон шомил ҳастанд, ки 50 дарсади онҳо аз шаҳри Хоруғ мебошанд. Мақомоти амнияти миллӣ мегӯянд, ки танҳо дар ду соли ахир (2015-2017) дар Бадахшон 106 нафар аз истифодаи маводи мухаддир ҷон бохтанд, ки 46 тани онҳо бошандагони Хоруғ буданд.

XS
SM
MD
LG