Ҳизби ҳокими Иттиҳоди демократ-масеҳӣ бо раҳбарии Ангела Меркел дар интихоботи порлумонии Олмон бо ба даст овардани 33 дарсади орои интихобкунандагон, пирӯз шуд. Бар пояи гузоришҳои расмӣ, Ҳизби сотсиал- демократ наздик ба 21 дарсад ва ҳизби ростгаро ҳудуди 13 дарсад раъй ба даст оварданд. Ангела Меркел шоми якшанбе дар суханронӣ ба муносибати пирӯзии ҳизбаш гуфт, бо вуҷуди ғалаба бояд талош кард, то касоне, ки райъи худро ба ҳизби ростгаро AFD додаанд, ба ҳизби демократ-масеҳӣ бозгарданд. Хонум Меркел ҳамчунин ба аҳамияти ҳифзи Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард ва аз сиёсатҳои ҳукумати худ дар робита бо паноҳҷӯён ҳимоят намуд. Мартин Шултз, раҳбари ҳизби сотсиал-демократ натиҷаҳои интихоботро "талх" номид ва гуфт, ки бояд бо тамоми имкониятҳо бо ҳизби ростгарои AFD мубориза кард.