Нирӯҳои низомии Эрон рӯзи 24-уми сентябр машқи ҳарбӣ дар наздикии марз бо минтақаи худмухтори Курдистони Ироқро оғоз карданд.
Ин тамринҳои низомии Эрон дар ҳоле баргузор мешавад, ки қарор аст Курдистони Ироқ рӯзи 25-уми сентябр барои мустақилияти худ як раъйпурсӣ баргузор кунад. Ҷумҳурии Исломӣ дар канори Туркия ва ҳукумати Ироқ бо ин раъйпурсӣ мухолифат кардааст.
Аммо Масъуд Боризонӣ, раҳбари Курдистони Ироқ, охири ҳафтаи гузашта гуфт, ба ҳар қимате истиқлолро ба даст хоҳанд овард. Ӯ афзуд, “мо омода ҳастем, ки барои озодии худ ҳар қиматеро бипардозем. Мо дар миёни роҳе ҳастем, ки ё бояд мустақилиро интихоб кунем ё тобеъ бишавем ва ситам бикашем.”
Дар раъйпурсии рӯзи душанбе ҳудуди 5 миллион нафар метавонанд дар ин минтақаи дорои захираи бузурги нафт ширкат кунанд. Назарсанҷиҳои ахир мегӯяд, дар Курдистон 80 дарсади ҷамъият тарафдори таъсиси кишвари мустақиланд.
Порлумони Ироқ раъйпурсиро ғайриконститутсионӣ номида, Додгоҳи олии Ироқ аз Курдистон талаб карда буд, нақшаи баргузории раъйпурсиро лағв кунад.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Амрико дар Бағдод аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ хостааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва аз гаштугузор, бахусус дар минтақаҳои мавриди муноқишаи ҳукумати Ироқ ва мақомоти Курдистон, худдорӣ намоянд.