Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷори Кобул се сокини маҳаллӣ захмӣ шуданд


Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтанд, ки бар асари инфиҷори як мошини бомбгузоришуда дар роҳи корвони нирӯҳои байналмилалӣ дар Кобул се сокини маҳаллӣ захмӣ шуданд. Ҳодиса рӯзи 24-уми сентябр дар минтақаи Афшори Кобул рух дод ва баъзе аз мақомҳои афғон онро ҳамлаи интиҳомӣ номиданд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтанд, ки афроди захмӣ ба бемористон интиқол ёфта, таҳти назорати пизишкон ҳастанд.

Cухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ капитан Виллиам Салвин гуфт, ки дар ин таркиш касе аз нирӯҳои хориҷӣ маҷрӯҳ ё кушта нашудааст.

Шоҳидони ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамла дар наздикии маркази таълимии нирӯҳои амнияти миллӣ рух дод. Ин ҳодиса пас аз оромиши чандрӯза дар Кобул дар ҳоле рух медиҳад, ки чораҳои амниятӣ ба хотири моҳи муҳаррам дар шаҳри Кобул афзоиш ёфтааст.

То кунун масъулияти ин ҳамларо кадом гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG