Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду нафар барои партоби кафш ба сӯйи Ҳикматёр


Гулбиддин Ҳикматёр
Гулбиддин Ҳикматёр

Ҳангоми хутбаи намози ҷумъа (22-юми сентябр) дар масҷиди ҷомеи шаҳри Ҳирот як нафар кафши худро ба тарафи Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон, ҳаво дода, бо ҳамин, намози ҷумъаро ба ҳам зад. Як мақоми Ҳирот ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 23-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар робита ба ин ҳодиса ду нафар боздошт шуд.

Ҳашматуллоҳ Аршад, сухангӯи Ҳизби исломӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, кафши партобшуда ба Гулбиддин Ҳикматёр нарасидаст. Ҳикматёр аз чанд рӯз ба ин тараф дар Ҳирот ба сар мебарад ва дар масҷид ба ҳаводоронаш суханронӣ мекунад.

Тазоҳуроти зидди Гулбиддин Ҳикматёр дар Ҳирот
Тазоҳуроти зидди Гулбиддин Ҳикматёр дар Ҳирот

Як рӯз пас аз суханронии Ҳикматёр шуморе аз сокинони шаҳри Ҳирот даст ба тазоҳурот зада, раҳбари Ҳизби исломиро масъули куштори мардум хонданд.

Гулбиддин Ҳикматёри 70-сола пас аз 20 сол дубора ба Афғонистон баргашт. Бозгашти ӯ бар пояи созиш бо раҳбари феълии Афғонистон сурат гирифт, ки мехоҳад аз нуфузи Ҳикматёр барои таъсир ба Толибон истифода кунад.

XS
SM
MD
LG