Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Неъматулло: “Ҳар чи Мулло Абдулло гуфт, иҷро кардам”


Акси Неъматулло Назиров
Акси Неъматулло Назиров

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми сетябр аз боздошти як узви гурӯҳи Аблулло Раҳимов, маъруф бо лақаби Мулло Абдулло, хабар дод.

Абдулло Раҳимов, раҳбари як гурӯҳи мусаллаҳи мухолиф, шарти сулҳи ҳукумат ва нирӯҳои оппохитсиюни тоҷикро бо напазируфта ва солҳо бо ҳукумат муборизаи мусаллаҳона мебурд. Ӯ дар соли 2011 дар як амалиёт дар водии Рашт кушта шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як гузориши видеоӣ гуфт, ки Назиров Неъматулло, сокини 42-солаи деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуроободро бо гумони узвият дар гурӯҳи Мулло Абдулло ва инчунин содир кардани ҷиноятҳои куштор, пинҳон кардани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ боздошт кардааст.

Дар гузориши видеоии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ин нафар аз соли 1993 то 1998 бо супориши Мулло Абдулло худсарона дидбонгоҳ ташкил карда, ба кушори мардумӣ оддӣ ва низомиён даст задааст. “Аз ҷумла, соли 1994 автомашинае, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Лахш ҳаракат мекард, мавриди ҳамлаи ин гурӯҳ қарор гирифт ва мусофирони дохили он ба ҳалокат расиданд”, - гуфта мешавад дар гузориш.

Неъматулло Назиров низ дар ин навор эътироф меунад, ки бо фармони Мулло Абдулло ба ин кор даст задааст. Ӯ мегӯяд, “Мулло Абдулло фармон дод, ки ҳар низомиеро дидед, бикушед.” Назиров дар ин навори видеоӣ аз ҳодисае ёдоварӣ кард ва гуфт, “автобус 80 метр ақиб рафт ва шояд ронанда мурда буд, ки ба ҷарӣ афтод. Фаромада дидем, ки ҳама мурдааст ва автомати низомии мурдаро гирифта рафтем. Ба пеши Мулло Абудлло рафта ва гуфтем, ки чи хеле шумо супориш додед, иҷро кардем. Мулло Абдулло каме истод ва гуфт, ки хуб кардед.”

Мақомот тоза ин мусофирбарро аз ҷарӣ берун карда, тирҳои расидаи онро ҳисоб кардаанд. Бар асоси гузориш дар бозмондаҳои ин мошин 30 пайи тир ошкор шудааст.

Ҳамчунин, Назиров гуфтааст, соли 1995 дар ҳамла ба як мошини сарбозон даст дорад.

Сабриддин Асроров, хусури ин боздоштшуда дар ин навор мегӯяд, пас аз соли 1998 домодаш ду граната ва як атвоматро ба ӯ супурда, худаш ба Русия рафт. Баъдан, як “қумондон” автоматро гирифт ва ӯ гранатаҳоро ба рӯдхона партофт.

Ин мард дар ҳоле боздошт мешавад, ки аз охирин ҷинояти содиркардаи ӯ 19 сол гузашт. Дар ин гузориш шарҳ дода намешавад, ки чаро ӯ тоза боздошт шудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки ҳар нафаре нисбат ба ӯ шикоят дорад, ба мақомоти милиса муроҷиат кунад.

XS
SM
MD
LG