Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт марзшикани бангладешӣ дар Тоҷикистон ба 5 соли зиндон маҳкум шуданд


Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳафт шаҳрванди Бангладешро барои кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон ба мӯҳлати панҷ сол зиндонӣ кард. Дар додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 22 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми додгоҳ охири моҳи август содир шуд ва ба иҷро даромад.

Маҳкумшудаҳо – Ҳусейн Сайёд Мустафаи 30-сола, Ислом Муҳаммад Соҳидули 22-сола, Чодхури Муҳаммад Тариқ Аҳмади 26-сола, Аҳмад Мансури 26-сола, Ҳусайн Рақиби 26-сола, Аҳмад Муҳаммад Фоези 28-сола ва Ҳусайн Сакири 30-сола дар моҳи январ аз сӯи марзбонҳои тоҷик боздошт шуданд. Додгоҳ гуфт, ки ин афрод аз рӯи нақшаи аз пеш тарҳрезишуда ва бо машварати пешакӣ талош доштанд ба Афғонистон роҳ ёбанд.

Панҷ соли баъдиро ин нафарон дар маҳбаси низомаш шадид пушти сар хоҳанд кард. Як масъули додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт: "Ин сокинони Бангладеш 14-уми январи соли 2017 аз сарҳади давлатии Тоҷикистон ғайриқонунӣ, бидуни ҳуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ бо кӯмаки гурӯҳи шахсон гузашта ба ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон дохил шуда. Онҳо созиши ҷинояткорона бастаанд. Ин ашхос дар рафти мурофиа аз кардаи худ пушаймон шудаанд".

Ба панҷ соли зиндон маҳкум шудани ин ҳафт сокини Бангладеш дар ҳолест, ки моҳи январ мақомоти марзбонӣ дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ин ҳафт сокини Бангладеш мехостанд тавассути хоки Тоҷикистон гузашта, ба ҷангҷӯён дар хоки Афғонистон пайванданд. Аз додгоҳ гуфтанд, ки ин афродро яке аз ҳамватанони худ, ки ба тиҷорат машғул будааст ба қасди мардикорӣ ба ҷои Туркия ба Тоҷикистон ирсол кардааст ва аз инҷо онҳоро машварат додааст, ки тарки хоки Афғонистону Эрон ба Туркия биёянд.

Санҷидани дурустии ин иттиҳом тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Ин аввалин ҳодисае нест, ки дар марзи минтақаи Кӯлоб шаҳрвандони хориҷӣ дастгир мешаванд. Соли 2014 мақомоти интизомӣ як шаҳрванди Ироқро барои ғайриқонунӣ убур кардани марз аз сӯи Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархор боздошт карданд. Ин шаҳрванди Ироқ ҳангоми боздошт дар ноҳияи Фархор худро “хеши Саддом Ҳусейн” муаррифӣ карда буд ва пас аз ҳашт моҳи адои ҷазо мавриди афв қарор гирифта тобистони соли 2015 аз кишвар ихроҷ карда шуда буд.

Он замон Темур Боев, аз додгоҳи ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Абдуллоҳ-ал-Арабия бар асоси моддаи 335, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яънеғайриқонунӣ убур кардани марз гунаҳкор дониста шуд ва ба 2 солу 6 моҳ равонаи зиндон гашт. Аммо бинобар сабабе, ки пеш аз қабули Қонун “Дар бораи афв” боздошт шуда буд, дар нисбаташ ин қонун татбиқ шуда, аз зиндон раҳо гашт.

Ҷаноби Боев афзуда буд, ки ин шаҳрванди Ироқ иддао дошт, ки дар зодгоҳаш ӯро хатар таҳдид мекард ва ба хотири паноҳандагӣ хостан марзи Тоҷикистонро убур кардааст: "Аммо ҳеҷ далеле барои паноҳандагӣ хостан дар даст надошт. Чун марзи моро ғайриқонунӣ убур карда буд, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҷазо гирифт. Ӯ роҳҳои қонунии паноҳандагӣ хостанро риоя накарда буд. Дар зиндони Ёвон қисме аз мӯҳлатиҷазояшро адо кард ва пас аз ин аз Тоҷикистон ихроҷ шуд."

Зимнан, аз додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ гуфтанд, ки ин ҳафт шаҳрванди Бангладеш бо тарҷумон ва адвакат таъин шуда, дар рафти додгоҳ ба иштибоҳоти худ иқрор шуда, изҳорӣ пушаймонӣ кардаанд. Ба гуфтаи масъулони додгоҳ онҳо аз болои ҳукм шикоят накарданд ва он дар қувваи қонун доромадааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад ва убури ғайриқонуни марз аз ҷониби афроди ҷиноятпеша ва ҷангҷӯ, қочоқи маводи мухаддир аз чолишҳои аслӣ боқӣ мемонад. Ҳафтаи гузашта мақомоти марзбонӣ аз ду кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз ҷониби қочоқбарони афғон хабар доданд, ки мехостанд миқдори зиёди маводи мухаддирро вориди Тоҷикистон кунанд. Аз ин ду ҳодиса ҷилавгирӣ ва як қочоқчии афғон нобуд карда шуд.

XS
SM
MD
LG