Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Симферопол ҳукми Микола Семенаро эълон мекунад


МиколаСемена

Додгоҳи таҳти назорати Русия дар Симферопол ҳукми хабарнигори “Крым-Реалии” - тарҳи Радиои Аврпуои Озод/Радиои Озодӣ Микола Семенаро эълон мекунад, ки ба даъвати поймол кардани якпорчагии Русия муттаҳам шудааст.

Айбдоркунанда барои Семена се соли зиндон ва маҳдудияти сесолаи кор аз рӯйи ихтисосро талаб дорад.

Рӯзноманигор рӯзи 18-уми сентябр, ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ гуфт, мақолаеро, ки боис ба баррасиҳои додгоҳӣ шуд, ӯ на аз рӯи “бадбинии сиёсӣ нисбат ба Русия”, балки бо ҳадафи ширкат дар баҳсҳо ва барқарор кардани ҳақиқат таҳия кард.

Таҳқиқи Микола Семена, яке аз муаллифони “Крым-реалии”, баҳори соли гузашта оғоз шуд. Маркази ҳуқуқи башари “Мемориал” Семенаро зиндонии сиёсӣ эътироф кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG