Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дашному лаънатгӯии як омӯзгори Андиҷон ҳангоми дарсдиҳӣ. ВИДЕО


Дашному лаънатгӯиҳои ошкорои як омӯзгор ҳангоми дарсдиҳӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Як омӯзгори мактаби миёнаи шаҳри Андиҷони Узбакистон ду хонандаро ҳангоми дарсдиҳӣ дашному лаънат кард. Як хонанда, ки ин ҳамаро дар телефони ҳамроҳаш сабт мекард, ҳафтаи гузашта наворро расонаӣ намуд.

Дар навор дида мешавад, ки омӯзгор ду хонандаро бо чунин лафз дуои бад мекунад: “Худо шуморо ҷазо диҳад! Аз пойи равон маҳрум шавед! Пойҳоятон хушк шавад! Натавонед дигар ба ин мактаб биоед! Марг бар шумо! Ин бадтарин дуо аст! Худо шуморо ҷазо диҳад! Ман чӣ кор кардам, ки шумо маро ҷанҷолӣ меномед?! Бигӯ, Абдулло, ман чӣ кор кардам, ки маро чунин меномед?!"

"Бигзор Худо туро ҷазо диҳад. Ва туро ҳам Худо ҷазо диҳад. Ба камол нарасед! Ба мактаби олӣ дохил нашавед!", - дуо мекунад омӯзгор.

Чаро омӯзгор нисбат ба хонандаҳо чунин дуои бадро раво мебинад, маълум нест. Хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ ин муаллимаро пайдо кард ва телефонӣ аз ӯ пурсид, ки чаро чунин муносибат намудааст. Муаллима ба ҷои посух гуфтан аз хабарнигор пурсид, ки “Шумо ин маълумотро аз куҷо гирифтед? Оё санад доред?”

Ба суоли расонаҳо, ки дар навор яке аз хонандаҳо аз тарс меларзад, омӯзгор гуфт, хонанда натарсидааст. “Вай аз тарс ба ларза даромад ё аз димоғаш хун рафт? Мебинед, ин натиҷаи мусбати заҳматҳои ман аст”, - афзуд омӯзгор.

Дар баъзе мактабҳои Узбакистон таҳқиру зарбу лати кӯдакон мушоҳида мешавад. Қаблан як навори видеоӣ дар бораи ташкили фоҳишахона ва озору азияти кӯдакон дар чанд боғчаи бачагона дар вилояти Сурхондарёи Узбакистон баҳси тундеро ба по карда буд.

XS
SM
MD
LG