Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои назди Путин: "Ҳуқуқи муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик нақз шудааст"


Масъулони Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия гуфтанд, як санҷиши онҳо собит кард, ки ҳуқуқи муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик пас аз гирдиҳамоии назди маркази савдои "Москва" поймол шудааст. Ин гурӯҳи муҳоҷиронро рӯзи 21-уми сентябр дастгир ва ба идораи пулис бурдаанд.

Пулиси Маскав рӯзи 21-уми сентябр хабар дод, ки нисбат ба ҳодисаи таҷаммӯи муҳоҷирон дар назди маркази савдои “Москва” аз рӯи моддаи “авбошӣ”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.

Денис Набиуллин, узви ин шӯро, рӯзи 21-уми сентбяр ба хабаргузории расмии ТАСС-и Русия гуфтааст, "22 шаҳрванд як шабонарӯз дар шӯъба нигоҳдорӣ мешаванд, аммо ба онҳо ғизо дода нашудааст. Ба ҷуз ин, 20 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро мушоҳида кардем, ки ба ШКД оварда шудаанд, вале чун дар боздошгоҳ ҷой нест, дар долони шӯъбаи пулис нигоҳдорӣ мешаванд."

Дар ҳамин ҳол, Евгений Бобров, муовини раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия гуфтааст, шӯро ба унвонии Вазорати умури дохилӣ муроҷиат кард ва дархост намуд, ки ҳодисаи латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистонро санҷида, дурустии амалкарди пулис барои боздошти онҳоро бисанҷад. Бобров дар идома аз Вазорати корҳои дохилии Русия хостааст, аз натиҷаи санҷиш ба шӯро гузориш бидиҳад.

Таҷаммӯи назди маркази савдои "Москва" бо омадани ОМОН пароканда шуд

Пулиси Маскав рӯзи 21-уми сентябр хабар дод, ки нисбат ба ҳодисаи таҷаммӯи муҳоҷирон дар назди маркази савдои "Москва" аз рӯи моддаи “авбошӣ”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст. Хадамоти матбуоти пулиси шаҳри Маскав бо пахши як изҳорот гуфт, шоми 20-уми сентябр нерӯҳои пулис дар пайи талошҳои ба таври гурӯҳӣ вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ 90 нафарро боздошт карданд.

Дар идома хадамоти матбуот мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса, ки нишонаҳои ҷинояти “авбошӣ”-ро дорад, тибқи моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз карданд. Ин моддаи Кодекси ҷиноии Русия ҷаримаи аз 500 ҳазор то як миллион рубл ва то 7 соли зиндонро дар пай дорад.

Пулиси Маскав ҳамчунон гуфтааст, нисбат ба ҳодисаи латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистон ҳам тибқи моддаи 116-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз кардааст. Ҳадди аксари ҷазо тибқи ин модда ду соли зиндон муайян шудааст.

Амаки Наврӯз: Дилам ором шуд

Тамоми моҷаро баъди он бархост, ки рӯзи 20-уми сентябр шаҳрванди Тоҷикистон Наврӯз Зикиров дар маркази тиҷоратии "Москва" латту кӯб шуда, дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Ин сокини 27-солаи Тоҷикистон дар ин марказ ба ҳайси аробакаш кор мекард ва барои надодани пули ҳаққи ароба айбдор шудааст.

Русия макони кори садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст, ки бинобар бекориву даромади кам дар ватан ба ин кишвар рафтаанд. Маскав макони аслии таҷаммӯи муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Дар баробари кор дар соҳаи коммуналӣ, онҳо дар сохтмону тиҷорат ҳам кор мекунанд. Муҳоҷирон маъмулан як қишри заъфпазир дар иқтисоди Русия ҳастанд, чунки кору даромади онҳо, бахусус дар шароити феълии бӯҳрони иқтисодӣ, на ҳамеша расмӣ ва аланӣ сурат мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG