Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Русия даҳҳо муҳоҷири кориро дар Маскав боздошт кард


Даҳҳо муҳоҷири корӣ дар назди маркази тиҷоратии воқеъ дар хиёбони Тихоретскии Маскав боздошт шуд. Шоми чаҳоршанбе беш аз 100 муҳоҷирии кори Тоҷикистон бо талаби муҷозоти муҳофизе, ки як ҳамтои онҳоро шадидан латту куб кард, даст ба эътироз заданд. Коргарони тоҷик ва муҳофизон дар ҳамин маркази тиҷоратӣ фаъолият мекунанд.

Пулис мегӯяд, ки аз задухурди байни муҳофизони марказ ва муҳоҷирони корӣ ҷилавгирӣ кард.

Интерфакс аз қавли Каромат Шарипов, раҳбари як ҷумбиши муҳоҷирон рӯзи 21 сентябр навишт, ки дастикам 250 муҳоҷири корӣ, бо шумули хешони ҷавони осебдида, ба идораи пулис бурда шуданд. Худи муҳоҷир бо зарбаи мағзӣ дар бемористон аст.

Шарипов дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии "Дожд" гуфт, ки рӯзи чаҳоршанбе муҳофизони маркази тиҷоратӣ ин муҳоҷирро ба партовгоҳ бурданд, шадидан латту куб карданд, сипас бо матоъе печониданд ва дуртар аз бозор партофтанд. Бо ин роҳ онҳо мехостанд аз масъулият канор раванд.

Ба гуфтаи Каромат Шарипов муҳоҷирон бо талаби муҷозоти гунаҳкорон ҷамъ шуданд, вале пулис онҳоро зери зарбу лат гирифт ва боздошт кард.

XS
SM
MD
LG