Пайвандҳои дастрасӣ

Таксиронҳои тоҷик дар Маскав дубора ба кор баргаштанд. ВИДЕО


Бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Маскав гуфтанд, ки ширкатҳои таксии пойтахти Русия дубора ба онҳо иҷоза додаанд, бо шаҳодатномаҳои ронандагии миллии худ, яъне ҳуҷҷати Тоҷикистон, ба мусофиркашонӣ машғул шаванд. Аммо онҳо мегӯянд, ин сабукӣ то соли 2018 ва танҳо ба муҳоҷироне дахл дорад, ки худ соҳиби мошин ҳастанд.

Ба мо хабар доданд, ки агар мошин аз худатон аст, метавонед дубора ба кор шурӯъ кунед. Инак, як моҳ мешавад, ман ва онҳое, ки мошини таксӣ аз худашон аст, кор мекунем.

Аз 1-уми июни имсол тағйироти нав ба қонуни бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Кодекси маъмурии Русия ба иҷро даромад, ки тибқи он муҳоҷирон ҳақ надоранд, бо шаҳодатномаҳои миллии хеш ба мусофиркашонӣ машғул шаванд.

Комрон Ниёзов, як муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Маскав, рӯзи 1-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз қонуни нав ӯ ва даҳҳо таксирони тоҷик дар шаҳри Маскав бекор монданд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, баробари ба иҷро даромадани ин қонун, камбуди шадиди таксиҳо дар Маскав мушоҳида шуд, ки боис ба гаронии қимати таксӣ ва норозигии сокинон гардид. Ӯ гуфт, “баъдан ба мо хабар доданд, ки агар мошин аз худатон аст, метавонед дубора ба кор шурӯъ кунед. Инак, як моҳ мешавад ман ва онҳое, ки мошини таксӣ аз худамон аст, кор мекунем.”

Таксиронҳои тоҷик дар Маскав
Таксиронҳои тоҷик дар Маскав

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар ширкати таксӣ ба онҳо гуфтаанд, ки ин иҷозат муваққаттист ва то оғози соли 2018 бояд шаҳодатномаҳои ронандагии Русияро бигиранд ваё дубора аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум хоҳанд шуд. Ба иҷро даромадани ин қонунро шаҳрвандони Русия, бахусус сокинони Маскав ва Санкт-Петербург зуд эҳсос карданд. Дар ҳафтаҳои аввали ба иҷро даромадани ин қонун дар се моҳи пеш камбуди шадиди нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксиву маршруткаҳо ба мушоҳида расид.

Ирина Чепик, як сокини канори Маскав, мегӯяд, якбора кам шудани мусофирбарҳо дар кору зиндагии ҳамарӯзаи ӯ мушкил эҷод кард. Аз ҷумла, субҳи барвақт расидан то боғчаи бачаҳову ҷои кораш хеле мушкил шуд. Ӯ гуфт, “бисёр душвор шуд. Хусусан саҳариҳо, ки ҳама мехоҳанд зуд ба кор бирасанд ё кӯдаконашонро то боғча расонанд. Пештар мо маршруткаро 2-3 дақиқа мунтазир мешудем, ҳозир то 10-15 дақиқа мунтазир мемонем. Ҳар саҳар бинобар камбуди нақлиёт дар роҳҳо як беназмӣ пеш меояд.”

Хонум Чепик гуфт, аз якбора кам шудани нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳайрат буд ва танҳо аз гуфтугӯи мусофирон дар дохили маршруткаи пур аз одам фаҳмид, ки муҳоҷирони ронанда аз кор дур шудааанд ва аз ин рӯ шумораи нақлиёт кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, аз бозори мусофиркашонӣ дур шудани муҳоҷирон боиси баланд шудани арзиши хидматрасонии таксӣ дар Маскав ва Санкт-Петербург шудааст.

Бинобар ҳисобҳои “Анҷумани миллии таксиҳо” - як созмони ҷамъиятӣ дар Русия дар пайи манъи ҳаққи ронандагии муҳоҷирон бо шаҳодтаномаҳои ғайрирусӣ, тақрибан 50 дарсади таксиҳо бекор монда, арзиши хидматрасонӣ то 20 дарсад боло рафтааст. ​Владимир Матвиенко, масъули “Анҷумани миллии таксиҳо”, гуфт, дар ду моҳи иҷрои ин қонун тақрибан 20 дарсади коргарони таксиро шаҳрвандони Белорус ва худи Русия пур карданд: “Аммо ҳанӯз ҳам 30 дарсади дигари ҷойҳои корӣ дар ширкатҳои таксӣ холӣ боқӣ мондааст.”

Қабл аз ба иҷро даромадани тағйироти қонуни Русия “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ”, ки ҳанӯз соли 2013 қабул шуда ҳар бор иҷрояш ба таъхир андохта мешуд, ду вакили Думаи давлатии Русия Евгений Москвичев, раҳбари департаменти нақлиёт ва Вячеслав Лисаков, намояндаи ҳизби ҳокими “Единая Россия” пешниҳод карда буданд, ки муҳлати иҷрои ин қонун боз як соли дигар тамдид карда шавад.

Тибқи омор, беш аз 40 дарсади ронандагони нақлиёти мусофирбару боркашон дар Русия муҳоҷирон ҳастанд.

Наталя Лозинская, ёвари вакили Думаи давлатии Русия Вячеслав Лисаков рӯзи 1-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “вакилон Евгений Москвичев ва Вячеслав Лисаков пеш аз ба иҷро даромадани ин қонун тарҳи бори дигар ба таъхир андохтани иҷрои қонуни навро ба вакилон пешниҳод карданд. Дар ҷаласаи Дума ин мавзӯъ баррасӣ шуд. Гуфта шуд, ки нисфе аз ронандагони нақлиёти мусофиркаш ва боркашон муҳоҷирони корианд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ онҳо наметавонанд соҳиби шаҳодатномаи русӣ шаванд. Аз ин рӯ, ба онҳо бояд бори дигар фурсат дод. Аммо вакилони Дума ин пешниҳодро ҷонибдорӣ накарданд.”

Лозинская гуфт, вакилони Думаи давлатӣ рӯзи 5-уми сентябр аз таътили тобистона бармегарданд ва ин бор на масъалаи ба таъхир андохтани иҷрои қонун, балки тағйири онро мешавад дар миён гузошт.

Тибқи омор, беш аз 40 дарсади ронандагони нақлиёти мусофирбару боркашон дар Русия муҳоҷирон ҳастанд.

Қонунҳое, ки фаъолияти муҳоҷиронро дар ин ва ё он соҳа маҳдуд мекунад, солҳои охир дар Русия бештар шудаанд. Аз ҷумла, манъи ҷалби муҳоҷирон дар соҳаи тиҷорат, савдо дар соли 2014 ва аз кор рондани муҳоҷирони кучарӯб аз Маскав дар соли 2015. Аммо ин кӯшишҳои ҳукумати Русия, ки ба гутфаи коршиносон ҳадафи ба даст овардани раъйи қишри миллатгарои ҷомеаи Русияро дар пай дорад, то дер самар намедиҳад. Чун дар ин гуна корҳо шаҳрвандони бумии Русия кор намекунанд ва кордеҳон маҷбурданд, ки боз ҳам бо ҳар роҳ муҳоҷиронро ба кор ҷалб намоянд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG