Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони таксирон дар Русия бекор мемонанд?


Акс аз ИТАР-ТАСС

Аз рӯзи 1-уми июн ҳукми иҷро гирифтани қонуни нави Русия дар бораи «Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ» сабаби бекор мондан ва ё ба мушкил гирифтор шудани ҳазорон ронандаи тоҷик шудааст. Сабури 30-сола ва сокини Хатлон, яке аз онҳост ва то кунун барои ширкатҳои гуногун ба мисли «Убер» ва ё "Яндекс таксӣ" кор мекард.

Ӯ мегӯяд, маҷбур аст, ё корро бас кунад ва ё ғайриқонунӣ ронандагиашро идома диҳад. Сабур рӯзи 4-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи ӯ дар муқоиса бо ронандагони мошинҳои борбар беҳтар аст, ки дар Русия, теъдодашон дар Русия бисёр зиёд аст:

«Ман одамонеро медонам, ҳатто ҷойи хоб надоранд, мошинҳояшон ҳам бекор дар таввақуфгоҳ истодаанд. Русҳо як одат доранд, ки корро агар имрӯз бас кардӣ, пагоҳаш мегӯянд, ки бароед, шумо ба мо даркор нестед. Чанд нафарро ман медонам, ки аз ҷойи хобашон аз даруни вагонҳо пеш кардаанд. Дар ҳамин як шаҳраки хурдакаки мо 50 тоҷик бекор мондаанд.»

Бар асоси қонуни нави Русия дар бораи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки имсол тасвиб шуд, муҳоҷирони корӣ ва дар умум хориҷиён иҷоза надоранд, бо гувоҳиномаи кишвари худашон дар Русия ба ҳайси ронанда кор кунанд.

Бисёре аз ронандагони нақлиёти мусофирбар дар Русия муҳоҷиронанд.
Бисёре аз ронандагони нақлиёти мусофирбар дар Русия муҳоҷиронанд.

Аз рӯзи 1-уми июн муҳоҷирони тоҷик, ӯзбак ва ё қирғиз, ки таксӣ, автобус, мошинҳои боркаш меронанд, дигар аз ҳаққи кору мусофиркашӣ маҳрум шуданд.

Алӣ аз шаҳри Душанбе, ки се сол боз дар Русия таксӣ мерондааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд рӯз аст, бо тарс ронандагӣ мекунад. “Ду се рӯзи охир аст, ки дигар кор кардан намемонанд. Пинҳонӣ кор кардем, ду се рӯз дигар нашуд” -мегӯяд, Алӣ

Қонуни ислоҳшудаи Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ ва бахусус кишварҳои муштаракулманофеъ иҷоза медиҳад, дар ин кишвар ронандагӣ кунанд, вале ҳаққи кор бо гувоҳиномаи дохилӣ дар муассиса, ё корхонае надоранд.

Қонун дар бораи бехатарӣ дар роҳро соли 2014 қабул карданд, вале се сол он тасвиб нашуд, то ки ба гуфтаи мақомоти Русия хориҷиён тавонанд, ё гувоҳиномаашонро дигар кунанд ва ё дар Русия дарси ронандагӣ хонанду гувоҳиномаи русӣ бигиранд.

Ба мо гувоҳинома надоданд

Вале Алӣ мегӯяд, зимни муроҷиат ба мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Русия ба онҳо ҷавоби рад доданд.

“Онҳое, ки ҳаққи иқомати Русияро доштанд, гирифтанд ва ё иваз карданд. Ба мо, ки бо патент кор мекунем, надоданд. Ба ягон тоҷик иҷозат надоданд. Як тоҷик 50 000 рубл дода, гувоҳиномаи ронандагӣ гирифт, вале фиреб хӯрд, гувоҳиномааш сохта баромад.”

Ман одамонеро медонам, ҳатто ҷойи хоб надоранд, мошинҳояшон ҳам бекор дар таввақуфгоҳ истодаанд.

Ба гуфтаи Алӣ аксари ҳамкорони ӯ, ки барои ширкати “Ред таксӣ” кор мекарданд, ё аз Тоҷикистон ҳастанд ва ё аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ.

Ба қавли Сабур, аз ҳар се ронандаи таксӣ дар Русия ду нафари онҳо муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳастанд. Расонаҳои Русия ҳам мегӯянд, теъдоди зиёди ронандагони таксӣ, ронандагон дар сохтмонҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Ба навиштаи онҳо дар рӯзи аввали ҳукми иҷро гирифтани қонун, аз ҷумла дар шаҳри Владивосток ҳаракати нақлиёт ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст ва мардуми зиёде ҳам мунтазири автобус будаанд.

Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, ҳарчанд муҳоҷирон дар сурати тағйири муқаррароти қонунӣ дар Русия роҳҳои дигари корро пайдо мекунанд, аммо ҳоло дар масъалаи ронандагӣ эҳтиёткоранд, зеро ҷазои сахт дорад:

Сабур гоҳе барои Яндекс-таксӣ ҳам кор мекунад.
Сабур гоҳе барои Яндекс-таксӣ ҳам кор мекунад.

“Бачаҳое ман мешиносам, ки ба онҳо кордиҳандаҳояшон гуфтаанд, ки агар хоҳед, худатон кор кунед, вале агар пулис шуморо дошт, мушкилро бояд худатон ҳал кунед. Барои ронандагии ғайриқонунӣ 50 ҳазор рубл ҷарима аст, боз мошинро мебаранд, ба ҷаримагоҳ. Бачаҳо мегӯянд, ки барои 2 ҳазор рубл дар як рӯзи корӣ намехоҳанд, риск кунанду 100 000 рубл ҷарима супоранд.”

Алӣ ҳам мунтазир аст, ки бубинад, чӣ мешавад, метавонад, гувоҳиномаашро иваз кунад, ё не? Ба гуфтаи ӯ, тағйири ҷойи кор ҳам мушкил аст, чун кори хуб нест. “Агар ҳардуяш нашуд, дигар чӣ кор мекунем, “Меравем хона” - гуфт Алӣ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG