Се сокини Чеченистон, ки нашрияи "Новая газета" исми онҳоро дар рӯйхати қатлшудаҳои бидуни мурофиа зикр карда буд, дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона кушта шудаанд, ду нафари дигар бо марги табии даргузаштанд. Чунин аст хулосаи мулоқоти ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова бо намояндагони ниҳодҳои қудратии Чеченистон. Ин мулоқот рӯзи 21 сентябр баргузор шуд.
Биноба маълумоти "Новая газета", дар робита ба терроризм мақомоти Чеченистон 12 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин гумонбаршудаҳо ба рӯйхати сокиноне шомил шудаанд, ки гумон меравад бе мурофиа ба қатл расиданд. Намояндаи дастгоҳи Москалкова мегӯяд, ки ин афрод дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия рӯзи гузашта гуфт, ки аз рӯи факти нопадид шудани сокинон 18 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Авоили моҳи июл нашрияи "Новая газета" рӯйхати нафаронеро нашр кард, ки бе мурофиа эъдом шуданд. Ба гуфтаи нашрия, моҳи январ дастикам 27 нафарро парронданд. Маълум нест, ки ин нафарон чӣ гуноҳ доштанд. Мақомоти Чеченистон навиштаи "Новая газета"-ро "дурӯғ" унвон карда буд.