Пайвандҳои дастрасӣ

Се низомии рус дар ҳамла ба "Ҷабҳат-ун-Нусра" захмӣ шуд


Сарбозони Русия дар Сурия

Вазорати дифои Русия мегӯяд, дар вилояти Идлиби Сурия се низомии рус захмӣ шуд. Ба гуфтаи вазорат, ин низомиён ҳангоми ҳамла ба гуруҳи тундрави "Ҷабҳат-ун-Нусра" ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба хабарҳо, ҳудуди 30 низомии рус дар муҳосира қарор гирифтанд, вале баъдан тавонистанд раҳо ёбанд.

Вазорати дифои Русия "хадамоти махсуси ИМА"-ро дар ташаннуҷи вазъ айбдор кардааст. Ситоди кулли Русия мегӯяд, ИМА гӯиё талош кардааст, аз ҳамлаи нирӯҳои ҳукумати Сурия пешгирӣ кунад. Вашингтон ин иддаои мақомоти русро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Ба ҳисоби СММ, тайи 6,5 соли ҷанги шаҳрвандии Сурия беш аз 450 ҳазор одам ҷон бохтаанд. Русия амалиёти низомии худро дар Сурия соли 2015 қатъ кард. Вале ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар нирӯҳои президент Башор Асадро дар ҳамла ба мавзеъҳои мухолифон кумак мекунанд.

ИМА ва як қатор кишварҳои Ғарб Асадро ба ҷиноятҳои ҳарбӣ айбдор мекунанд ва аз Русия даъват доранд, ки аз ҳимояти ӯ даст бардорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG