Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каталония: мансабдорон ҳангоми омодагӣ ба референдум боздошт шуданд


Мавҷи парчамҳои тарафдори итиқлолияти Каталония
Мавҷи парчамҳои тарафдори итиқлолияти Каталония

Гузоришҳо аз Испания мегӯянд, пулис дастикам 12 мақоми ҳукумати Каталонияро дар Барселона боздошт кард, ки гуфта мешавад дар тарҳрезии назархоҳии ба гуфтаи Мадрид ғайриқонунии истиқлолият даст доштанд. Рейди пулис эътирозҳоро дар Барселона ба бор овард. Пулис дар даст ба боздоштҳо зад, ки раҳбарони Каталония ба реферундуми рӯзи 1 октябр омодагӣ медиданд.

Дар байни мақомдорони каталонӣ, ки пулис боздошт кард, дабири кулли умури иқтисод Ҳосеп Мария Юве, ва ёвари ноиби раиси ҷуҳмури Каталония Ориол Ҷункерас ҳузур доранд. Афроди боқимонда дар идораҳои дигари ҳукумат кор мекунанд.

Нахуствазири Испания Мариано Раҳой рӯзи 20 сентябр гуфт, ки ҳукумати ӯ аз ин назархоҳӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард.

"Дар дунё ҳеҷ кишвари демократие вуҷуд надорад, ки ончиро ин нафарон барномарезӣ кардаанд, қабул кунад,"- гуфт нахуствазир ва аз президенти Каталония Чарлз Пюҷмонт даъват кард, ки қонунро риоя кунад ва лагоми хоҳишҳои ҷудоталабонаро бикашад.

Садҳо нафар дар Барселона, дар назди идораи дабири кулли умури иқтисод Ҳосеп Мария Юве ҷамъ шуда ба тарафдории истифқлолият шиор партофтанд

XS
SM
MD
LG