Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон "Турон"-ро ба пардохти $21 000 муваззаф кард


Хабаргузории "Турон"

Хабаргузории мустақили "Турон" мегӯяд, ки Департаменти молиёти Озарбойҷон иттиҳоми нақзи молиёт алайҳи ин бунгоҳи хабариро дубора барқарор кард.

"Турон" дар як изҳорот, ки рӯзи 19 сентябр пахш шуд, мегӯяд, Департаменти молиёт қарзи хабаргузориро 37 000 манат , баробар ба 21,500 доллар муаян кардааст.

Сабаби ин таҳаввулот маълум нест.

Рӯзи 12 сентябр Департаменти молиёт ба хабаргузорӣ гуфта буд, ки иттиҳоми фирор аз молиёт лағв ва ҳисобҳои бонкии ""Турон" дубора боз шуданд.

Раҳбари хабаргузории "Турон" Меҳмон Алиев охири моҳи август бо иттиҳоми напардохтани молиёт боздошт шуд ва 12 сентябр ба шарти берун нарафтан аз хона аз боздоштгоҳи пешакӣ берун омад.

Хабаргузории мустақили "Тӯрон", ки соли 1990 таъсис ёфтаааст, бо забонҳои озарӣ, русӣ ва англисӣ хабар нашр мекунад.

Озарбойҷон дар раддабандии озодии матбуот дар миёни 180 кишвар имсол мақоми 162-умро ишғол кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG