Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: Хадамоти истихборот аз ақиби ёвари Трамп назорат мебурд


Ситоди ёвари Трамп, Пол Манафорт дар Александрия
Ситоди ёвари Трамп, Пол Манафорт дар Александрия

Хадамоти махсуси Амрико, бо иҷозаи махфии додгоҳ, дар ҷараёни маъракаи интихоботии соли 2016 ва баъди он, аз паси Пол Манафорд, ки якчанд моҳ раҳбари ситоди Доналд Трамп буд, назорат мебурданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN шоми рӯзи 18 сентябр хабар дод.

Манафорт яке аз чеҳраҳои калидӣ дар таҳқиқи "нақши пойи Русия" дар интихоботи соли гузаштаи Амрико аст. Бинобар баъзе маълумотҳо, ки CNN аз манбаҳои худ дарёфт кардааст, ин таассурот ҳосил мешавад, ки Манафорт эҳтимолан барои мусоидат ба Трамп аз Русия кӯмак хост ва бо ин худро дар маркази таваҷҷӯҳи органҳои дахлдор қарор дод.

Шубҳаи хадамоти махсус бар поияи гуфтугӯҳои Манафорт бо агентҳои эҳтимолии Русия ва гуфтугӯи агентҳо бо якдигар бунёд ёфтааст. Манафорт иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ бо русҳо, агар медонист онҳо барои хадамоти амният кор мекунанд, робита надошт.

Хадамоти федеролии таҳқиқоти ИМА Пол Манафортро соли 2014, дар робита ба чанд ширкати вашингтонӣ таҳти назорат гирифт, ки ба фоидаи собиқ ҳизби ҳокими Украина, "Партия регионов" лоббигарӣ мекарданд. Ин ҳизб дар интиқоли миллионҳо доллар ба хориҷи кишвар муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG