Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як мақоми покистонӣ дар таркиши бомбаи канори роҳ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомҳои Покистон гуфтанд, ки дар таркиши як бомбаи канори роҳ як масъули ҳукуматӣ ва шаш афсари пулис кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 17-уми сентябр дар минтақаи қабиланишини Боҷур, дар наздикии марзи Афғонистон, рух додааст.

Раҳмат Гул, як мақоми амниятӣ ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, мошини ҳомили ин мақом бо номи Фавод Хон ба бобмаи канор роҳ бархӯрдааст.

Муҳаммад Хуросонӣ, сухангӯи “Таҳрик”-и Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG