Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамос барои музокирот бо ҳизби Фатҳ тавофуқ кардааст


Гурӯҳи Ҳамос дар Фаластин мегӯяд, ки барои оғози музокирот бо гурӯҳи рақибаш Фатҳ тавофуқ кардааст.

Масъулони Ҳамос рӯзи 17-уми сентябр гуфтанд, ки ҳамчунон мувофиқат кардаанд, Кумитаи идории Ғаззаро лағв намуда, барои интихоботи миллии Фаластин омода шаванд.

Ин гурӯҳ мехоҳад, барои ҳукумат барои мусолиҳа дар сарзаминҳои таҳти идорааш иҷозаи пешбурди вазифаҳоро бидиҳад.

Ҳизби Фатҳ аз сӯи Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластин идора мешавад, ки дар солҳои гузашта бо гурӯҳи Ҳамос даргириҳои зиёде дошт. Кишарҳои ғарбӣ аз ҳизби Фатҳ ҳимоят мекунанд, аммо гурӯҳи Ҳамосро зоҳиран ба унвони як гурӯҳи шӯришӣ мешиносанд.

XS
SM
MD
LG