Пайвандҳои дастрасӣ

Хешутабори ҷангҷӯён: “Намехоҳем, ки аз Сурия баргарданд”


Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле ки бархе аз сокинони Тоҷикистон дар фикри баргардондани асосан духтарону набераҳои худ аз Ироқ шудаанд, пайвандони ҷангҷӯён дар ноҳияи Аравани Қирғизистон мегӯянд, ки аслан тарафдори бозгашти онҳо ба кишвар нестанд. Ин сокинон мегӯянд, иштироки волидон ё пайвандонашон дар ҷангҳои Ховари Миёна зиндагии онҳоро низ ба ҳам зад ва ҳоло, ки ба тақдир тан дода, бори зиндагиро ба танҳоӣ мекашанд, ба ҳузурашон ниёз надоранд.

Аз пушти кори онҳо милисаҳо омада, шавҳари маро ба бозпурсӣ бурданд ва шавҳарам маро аз хона ронд.

Соли 2014 хабар пахш шуд, ки ду хонавода аз ноҳияи Араван манзили худро гузошта, ба Сурия рафтаанд. Аз он замон то кунун се сол гузашт ва ҳеҷ яке аз онҳо аз майдони низоъ ба ҳавлии худ барнагаштанд.

Яке аз онҳое, ки наздикони худро гузошта ба Сурия рафта буд, Араббой Ваҳҳобов аст. Ҳоло дар хонаи ӯ духтараш ҷойгир шудааст, ки аз шавҳари худ бо чаҳор фарзанд ҷудо шуд. Масъалаи ҷудошавии ӯ ҳам ба рафтани волидонаш ба Сурия рабт дорад.

Дар паноҳгоҳи Мосул 31 хонаводаи тоҷик шиносоӣ шуд

“Тақрибан чаҳор сол мешавад, ки бо падару модарам сӯҳбат намекунам. Аз пушти кори онҳо милисаҳо омада, шавҳари маро ба бозпурсӣ бурданд ва шавҳарам маро аз хона ронд. Аз он замон то кунун дар хонаи волидон бо чаҳор фарзанди худ зиндагӣ мекунам. Ман намехоҳам, ки онҳо баргарданд. Ба ман фарқ надорад. Танҳо ба хотири онки фарзанди онҳо ҳастам, чӣ қадар ранҷ дидам”, - гуфт духтари Араббой Ваҳҳобов.

Айни ҳамин фикрро келини Дилоромхон Аҳмедова, ки бо худ писару ду фарзандашро ба Сурия бурдааст, изҳор дошт. Ӯ дар як сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ки хоҳони бозгашти онҳо ба кишвар нест.

Дилоромхони 63-сола дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ узви Ҳизби коммунист буда, дар сатҳи ноҳия мақомҳои раҳбариро бар ӯҳда дошт. Чанд сол қабл ӯ хушдомани 94-сола ва писари хурдиашро гузошта, ба Сурия рафт ва бо ин кораш тамоми мардуми ноҳияро дар ҳолати ҳайрату нигаронӣ гузошт. Ҳоло дар манзили Дилоромхон писари хурдиаш бо модаркалону оилааш ҷо гирифтаанд.

Бино ба иттилои мақомот, аз ноҳияи Аравани вилояти Ӯш ба ҷангҳои Сурия 28 нафар рафтаанд, ки дар миёни онҳо чаҳор оила низ ҳаст. Хабар дода шуд, ки чаҳор нафари онҳо дар ҷангҳо кушта шудаанд, вале барои ҳеҷ кадомашон азо гирифта нашуд.

Муовини ҳокими ноҳия Музаффар Мамасаидов гуфт, ки ҳоло мавҷи пайвастани сокинон ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва, ҳамин тавр, сафарашон ба Ховари Миёна қатъ шудааст. “Мардум вазъият дар Сурияро дарк карданд. Солҳои 2015-2016 дар бораи ба Сурия рафтагон сарусадои зиёд буд. Намояндагони дин, мақомоти маҳаллӣ, муаллимон ва кумитаи оқсақолон хуб кор карданд. Ҳамеша корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Имсол ягон ҳолати рафтани сокинони Араван ба Сурия сабт нашудааст. Ба фикри ман, мардум фаҳмиданд”, - шарҳ дод ӯ.

Нафисаи Кӯҳнавард: “Дар Мавсил 6 шиносномаи як оилаи тоҷикро дидам”

Мақомоти расмии Қирғизистон мегӯянд, ки тақрибан 200 шаҳрванди ин кишвар ба Сурия рафтаанд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин оморро хеле бештар – 500 нафар медонанд. Чанде пеш муовини нахуствазири Қирғизистон дар умури амният Темир Ҷумъақодиров гуфт, агар ҳузури сокинони ин кишвар дар сафи созмонҳои байналмилалии террористӣ исбот шавад, онҳо аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум хоҳанд монд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия рафта, бархеи онҳо хонаводаи худро низ бурдаанд. Бино ба иттилои мақомот, беш аз дусад кӯдаки тоҷик ҳамроҳи волидонашон ба Ироқу Сурия бурда шуда, дар бораи сарнавишти аксари онҳо маълумоте дар даст нест.

Бо шикасти ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар шаҳри Мавсилу Талъафари Ироқ баъзе аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон дар суроғи асосан духтарон ва набераҳои худ афтодаанд, то аз ҳар тариқ ба кишвар баргардонанд. Ҳафтаи гузашта Созмони Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон ҳам гуфт, баъди чанд рӯзи шурӯи ҳисобу китоби паноҳандагон дар як қароргоҳи изтирорӣ дар шаҳри Мавсил, мушаххас шудааст, ки дар миёни онҳо 31 хонаводаи тоҷикистонӣ ҳам мебошанд. Қаблан ин созмон гуфт, ки шумори занону кӯдакони тоҷик дар ин паноҳгоҳ аз 10 нафар зиёд нест.

Дар ин паноҳгоҳ 1400 зану кӯдаки хориҷие ба сар мебаранд, ки бовар меравад ҳамсару бародаронашон ҷангҷӯёни узви гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” ҳастанд. Ин паноҳҷӯён баъди торумор шудани пойгоҳи ДИИШ дар шаҳри Талафари Ироқ ба ин ҷо омаданд. Ин паноҳгоҳ зери назари ҳукумати Ироқ қарор дорад ва бархе созмонҳои байналмилалии башарӣ ба онҳо кумак мекунанд.

XS
SM
MD
LG