Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: “Тоҷикистон дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳост” ВИДЕО, АКС


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки кишвар "бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа ва маҳалли ҷойгиршавӣ", дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳо қарор гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро шоми 9-уми сентябр дар ҷашни асосии 26-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии Душанбе баён кард ва аз сокинон хост, ки “якдигарфаҳмӣ ва суботу амниятро ҳифз кунанд”.

Ӯ гуфт, “бисёр муҳим аст, ки ҳар як сокини кишвар қимату арзиши озодиву соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро амиқан дарк намояд ва аз имконияте, ки таърих барои мо фароҳам овардааст, пурсамар истифода барад". Оқои Раҳмон дар идома аз вазъи, ба қавли ӯ, ташвишовари баъзе кишварҳои ҷаҳон ёдоварӣ карда, онро "ҳосили" бархӯрди манфиатҳо номид.

Бо шикасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёна, хавфи интиқоли ҷангҷӯён ё ноамниҳои бештар ба Афғонистон вуҷуд дорад.

Вай гуфт, "шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари шиддати бесобиқа пайдо кардани бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ амнияту суботи баъзе давлатҳои як вақтҳо ороми сайёра аз байн рафтааст."

АКСҲО: Аз "салют" то "Роғун" – дар ҷашни истиқлоли Тоҷикистон

Ин суханони Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле баён шуд, ки Тоҷикистон бо Афғонистони ноором марзи тӯлонии 1400-километрӣ дорад. Қаблан дар моҳи майи имсол Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Тоҷикистонро "як кишвари буферӣ" номид, ки дар хатти аввали таҳдидҳои террористӣ қарор дорад.

Тайи чанд соли охир вазъият дар шимоли Афғонистон ва минтақаҳои дигари ҳамсарҳад бо кишвраҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон рӯ ба вахомат ё бадшавӣ ниҳодааст. Ҳамакнун бо шикасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёна, хавфи интиқоли ҷангҷӯён ё ноамниҳои бештар ба Афғонистон вуҷуд дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба бад шудани вазъ дар Афғонистон ва мубориза бо шӯришиён дар ин кишвар, Русия эълон кардааст, ки нирӯҳои худ дар Тоҷикистону Қирғизистнро тақвият хоҳад бахшид. Амрико ҳам бино ба стратегияи нави худ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Афғонистон тасмим гирифт, ки ба ин кишвар нирӯҳои тозанафас фиристад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаби таҷлил аз ҷашни истиқлол ба пешрафтҳои кишвар дар 26 соли гузашта ҳам карда кард. Ӯ гуфт, дар ин муддат бо вуҷуди мушкилу монеаҳои зиёд, мардум "барои ҳифзу нигоҳдории давлати навини тоҷикон, пешрафту ободии сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва эҳё намудану гиромӣ доштани арзишу суннатҳои миллӣ саҳми бесобиқа гузоштанд".

"Ман ҳамеша бо чунин халқи заҳматкашу сарбаланд ифтихор мекунам ва дар ин лаҳзаҳои пурҷалоли ҷашнӣ ба халқи азизам сипоси самимии хешро изҳор менамоям", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Эъломияи истиқлоли Тоҷикистонро раиси вақти Шӯрои олӣ Қадриддин Аслонов имзо кард.
Эъломияи истиқлоли Тоҷикистонро раиси вақти Шӯрои олӣ Қадриддин Аслонов имзо кард.

26 сол қабл, рӯзи 9-уми сентяби 1991, дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатӣ қабул шуд. Зери ин санад раиси вақти Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур Қадриддин Аслонов имзо гузошт. Тоҷикистон пас аз 8 моҳи эълони истиқлол ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки панҷ сол идома кард. Дар ин ҷанг, ки то соли 1997, замони имзои Созишномаи сулҳ, давом кард, 150 ҳазор сокини Тоҷикистон кушта ва наздики як миллион нафар бехонаву дар шуд.

Тарафдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, кишвар ба пойи худ рост шуда, ҳукумат барои расидан ба се ҳадафи аслияш, аз ҷумла истиқлоли энержӣ беист талош дорад. Онҳо ба гунаи мисол мегӯянд, ки соли гузашта сохтмони садди обанбори Роғун шурӯъ шуд ва нахустин чархааш интизор меравад соли оянда мавриди истифода қарор бигирад.

Аммо дар баробари ин бархе аз коршиносону мардум мегӯянд, ҳанӯз мушкили бекорӣ, муҳоҷират, иқтисод, корхонаҳои саноатӣ ва дастрасӣ ба таълиму тиб ҳалли мусбати худро наёфтааст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи онҳо солҳои охир фазои сиёсии Тоҷикистон ва фаъолияти хабарнигорону вакилони дифоъ ва фаъолони ҷомеаи маданӣ ба шиддат маҳдуд шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG