Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Лондон: дар таркиши маводи пинҳоншудае 22 нафар маҷрӯҳ шуданд


Полиси метрои Лондон гуфт, таркиши як дастгоҳи пинҳоншудае, ки дар истгоҳи метро субҳи 15 сентябр ба кор андохта шуд, ҳамлаи террористӣ буд ва дар паи он 22 нафар ҷароҳат бардоштанд. Полис гуфт, ки бархе маҷрӯҳон осори сӯхтор доранд. Вай гуфт, ки дар паи бесарусомониҳои баъди таркиш бархе зери по монда осеб дидаанд. Ҳеҷ як осеби ин 22 нафар сангин нест ва нафаре ҳам дар ин ҳодиса кушта нашудааст.

Ҳамла дар лаҳзаҳое рух дод, ки мусофирони зиёд дунболи кору таҳсил шитоб доштанд. Истгоҳи Парсонс Грини метрои Лондон дар ҷанубуғарби шаҳр ва дар минтақаи Уимблдон ҷойгир аст.

Марк Роулӣ, як масъули полиси метрополитени Лондон гуфт:

“Соати 8:20 субҳи 15 сентябр дар истгоҳи Парстонс Грин як таркише дар дохили қатор рух дод. Полиси метро ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд. Ҳоло мо мушаххас кардем, ки ин таркиши як маводи мунфаҷира будааст. Дар бораи 18 маҷрӯҳ гузориш расид ва аксари ин ҷароҳатҳо осори сӯхтор аст. маҳалли таркиш дар муҳоира буда тафтишот идома дорад”.

Гузоришҳои аввалияи матбуоти Бритониё мегӯяд, ки маводи тарканда дар дохили як сумкаи сафеде буд, вале полис гуфт, ки ин мавод пурра натаркидааст. Як шоҳиди ҳодиса ба хабаргузории Reuters гуфт, ки вақте дар истгоҳи Парсонс Грин қарор дошт, садои мағшушеро шунид ва баъдан дид, ки сӯхтор ба амал омад. Нахуствазири Бритониё Тереза Мей гуфт, ки ин ҳодиса дар Шӯрои амнияти миллии кишвар баррасӣ мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG