Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия, Туркия ва Эрон манотиқи "ташаннуҷзудо"-и Сурияро маълум карданд


Иштирокдорони музокироти сулҳи Сурия дар Остонаи Қазоқистон.15 сентябри солли 2017
Иштирокдорони музокироти сулҳи Сурия дар Остонаи Қазоқистон.15 сентябри солли 2017

Русия, Туркия ва Эрон дар робита ба минтақаҳои "ташаннуҷзудо"-и Сурия созиш карданд. Низоми оташбас дар ин манотиқ бояд то шаш моҳи дигар риоя шавад. Ин мӯҳлат метавонад идома ёбад. Се кишвар дар ин масъала рӯзи ҷумъа дар нишасти Остона ба мувофиқа расиданд.

Дар изҳороти муштарак, гуфта мешавад, ки минтақаҳои ташаннуҷзудо, пурро ё қисман ноҳияи Ғутои Шимолӣ, воқеъ дар бахши шарқии Димишқ, ва вилоятҳои Идлиб, Ҳомс, Латакиа, Ҳалаб ва Ҳоморо пӯшиш медиҳанд.

Бинобар маълумоти таъиднашудаи матбуоти Туркия, вилояти Идлиб, ки бахше аз навоҳии оноро "Ҷабҳаи ан- Нусра" назорат мекунад, ба се тақсим мешавад: нерӯҳои Туркия ва мухолифини муътадил навоҳии шимолу ғарб, нерӯҳои давлатии Сурия ва Эрон ҷанубу шарқ ва Русия қаламравҳои байни ин навоҳиро таҳти назорат мегиранд.

Русия, Туркия ва Эрон музокироти сулҳи Сурияро сармоягузорӣ мекунанд, ки бо миёнҷигии Созмони Милали Муттаҳид дар Остона ҷараён мегирад.

XS
SM
MD
LG