Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Депутати порлумони Русияро "Тюрик" аз байн бурд


Узви порлумони Русия Денис Вороненков бо ҳамсараш Марина Максакова
Узви порлумони Русия Денис Вороненков бо ҳамсараш Марина Максакова

Додситонии кулли Украина мегӯяд, узви думаи давлатии Русия Денис Вероненковро, "шоҳи дуздон" -Владимир Тюрин ва як банкир ки номаш маълум нест, аз байн бурданд. Ин банкир моҳҳои ахир дар Қрими ишғолшуда кор мекард. Дар ин бора "Росбалт" рӯзи 14 сентябр бо такя ба манбае дар идораҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия гузориш дод.

Ин манбаъ бо ишора ба посухи додситонии Украина ба дархости Русия гуфт, ки Тюрин ва як банкир бо барномаи қатли Вороненков дар Қрим мулоқот карданд. Дар ин санад ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин ду нафар бо олами ҷиноӣ ва хадамоти махсуси Русия робитаи наздик доранд.

Владимир Тюрин, тахаллусаш "Тюрик" - шавҳари собиқи ҳунарманди опера ва сиёсатмадор Марина Максакова аст, ки баъди гирифтани талоқ аз ӯ бо Денис Вороненков издивоҷ кард.

Пеш аз ин додситони кулли Украина Юрий Лутсенко гуфт, ки фармоишгари қатли депутат дар Русия аст ва бо хадамоти махсус робита дорад.

Моҳи октябри соли гузашта Денис Вороненков, бо нигаронӣ аз таъқиби ҷиноӣ дар Русия, бо ҳамсараш ба Украина рафт. Ӯ моҳи декабр шарҳвандии Украинаро қабул кард ва аз рӯи қазияи президенти собиқи Украина Виктор Янукович, бо иттиҳоми хиёнат ба ватан, шоҳидӣ дод. Вороненков рӯзи 23 март дар маркази Киев бо силоҳи оташфишон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG