Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози тамрини низомии "Запад-2017" дар Русияв ва Беларусия


Беларусия - тазоҳуроти Брест бар зидди тамрини Русияву Беларусия - "Запад-2017"
Беларусия - тазоҳуроти Брест бар зидди тамрини Русияву Беларусия - "Запад-2017"

Тамрини муштараки Русия ва Беларусия таҳти унвони "Запад-2017" рӯзи чоршанбе дар қаламрави ду кишвар оғоз шуд. Машқҳо дар се пойгоҳи Русия ва шаш пойгоҳи низомии Беларусия, бо иштироки 13 ҳазор сарбоз баргузор мешаванд. Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, тамрин бо истифодаи ҳудудан 70 чархболу ҳавопаймо, наздик ба 250 танк, сохтори мушакӣ ва 10 киштии ҷангӣ ҷараён мегирад.

Қаблан гуфта шуд, ки аз рӯи сенарияи тамрин, нерӯҳои Русия ва Беларусия ба эътилофи шартии кишварҳои ғарбӣ - Вейшнория, Весбария ва Лубения дар набард хоҳанд буд, ки мехоҳанд эътили Беларусияро аз байн бубаранд.

Як идда сиёсатмадорони кишварҳои ҳамсояи Русия ва Беларусия аз баргузории тамирини "Запад-2017 изҳори нигаронӣ карданд. Президенти Украина Петр Порошенко машқҳоро "зидди-ғарбӣ" ва таҳдид ба Украина номид. Вазири дифои Олмон Урсула фон дер Лейен гуфт, ки теъдоди низомиёни тамрин бисёр кам нишон дода шуд.

Дабири кулли НАТО Йенс Столенберг гуфт, агарчӣ тамрини низомии "Запад-217" ба ягон кишвари узви паймон таҳдиди мустақим надорад, вале НАТО ҷараёнро ҷиддан пайгирӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG