Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати худдорӣ аз намоиши "Матилда" дар Қазоқистон


Тоблуи таблиғотии филми "Матилда"

Раҳбари шабакаи "Арман" дар Қазоқистон номаи электронеро дарфёт кард, ки дар он аз ӯ даъват шудааст филми Алексей Учител "Матилда"-ро ба намоиш нагузорад.

Баурҷон Шукенов номаро, ки аз номи "шаҳрвандони проваслави Русия" ба тамоми раҳбарони шабакаҳои филмиву кинотеатрҳо ва мудирони соҳа фиристода шудааст, дар Фейсбук нашр кард.

"Аз намоиши "Матилда" даст кашед ва худро аз ин ифлосӣ дур нигаҳ доред. Аз ҳисоби марги руҳи худу онҳое, ки бо ин оини шоҳкушӣ фирефта месозед, даромад ба даст наоред", - омадааст дар нома.

Муаллифони нома сухани роҳиб Всеволод Чаплинро иқтибос овардаанд, ки мегӯяд, "агар "Матилда"-ро намоиш диҳанд, Русия мемирад" ва даъват кардаанд, ки дар бораи паёмади иштироки худ дар ин кор бори дигар андеша кунанд.

Вакили порлумони Русия Наталя Поклонская, ки маъракаи зидди намоиши филми "Матилда"-ро дар ин кишвар раҳбарӣ мекунад, гуфт, филм дар бораи император Николай II ва ҳунарманди белет Матилда Кшесинская эҳсоси диндоронро таҳқир мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG