Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду писар падарҳои худро ба қатл расониданд


Қатли падари 47-сола бо дасти писари 25-солааш дар ноҳияи Ашт ба қайд гирифта шуд
Қатли падари 47-сола бо дасти писари 25-солааш дар ноҳияи Ашт ба қайд гирифта шуд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр хабар дод, ки дар ноҳияи Ашт марди 25-солае бо гумони бо зарби бели хоҷагӣ куштани падараш боздошт шуд. Ҳодиса шоми 12 сентябр рух дод. Гумонбар дар ҳолати мастӣ ба хона омада бо падари 47-солааш даъво кардааст. Дар авҷи моҷаро ин мард бо истифода аз бели хоҷагӣ чанд маротиба ба сар ва узвҳои бадани падар задааст. Дар натиҷа падараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Як ҳодисаи монанд ба ин рӯзи 13 сентябр дар ноҳияи Б.Ғафуров низ рух додааст. Марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз нисфирӯзӣ ба хонаи падар омада, марди 65-соларо бо корди дар дасташ 5 маротиба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ин гумонбаршуда низ боздошт шуда, аз рӯи ҳарду ҳодиса тафтишот ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG