Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои “Ютэйр” таъмир шуда фурудгоҳи Кӯлобро тарк кард


Ҳавопаймои ширкати Utair

Ҳавопаймои ширкати русии “Ютэйр” баъди бозсозӣ дубора ба Маскав баргаштааст. Ҳавопаймои ин ширкат шоми 30-уми август баъди чанд дақиқаи баланд шудан аз фурудгоҳи Кӯлоб парвозро қатъ кард ва дар ҳамин фурудгоҳ нишасти изтирорӣ анҷом дод. Ҳавопаймо 80 мусофир дошт ва аз Кӯлоб ба самти Маскав парвоз мекард.

Масъулони фурудгоҳи Кӯлоб гуфтанд, ки баъди ду рӯзи таъмир ин ҳавопаймо дубора ба парвози худ идома дода ба самти Макав рафт. "Мутахассиони ин ширкат омаданд ва ҳавопайморо таъмир карданд ва баъди ду рӯз ин ҳавопаймо ба фаъолияти худ идома дод",- гуфт як масъули фурудгоҳ ба Радиои Озодӣ рӯзи 14 сентябр.

Ҳавопаймои ширкати русии “Ютэйр” шоми 30-уми август баъди чанд дақиқаи баланд шудан аз фурудгоҳи Кӯлоб парвозро қатъ кард ва дар ҳамин фурудгоҳ нишасти изтирорӣ анҷом дод. Масъулони фурудгоҳи Кӯлоб гуфтанд, ки ҳангоми парвоз дар дастгоҳи интиқоли маводи сӯхти ҳавопаймо нуқси техникӣ пайдо шуд ва бинобар ин ҳавопаймо аз идомаи парвоз худдорӣ кард.

.

Гузоришҳои видеоӣ

Фирори садҳо зану кӯдаки ҷиҳодиён аз урдугоҳи Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG