Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон депортатсияи паноҳҷӯёни афғонро аз сар гирифт


Паноҳҷӯёни депортшудаи афғон ба ватанашон баргаштанд

Мақомоти Олмон 8 марди афғонро, ки дархости паноҳандагии онҳо рад шуда буд, рӯзи 13 сенбяр ба Афғонистон депорт карданд.

Вазири умури дохилии минтақаи Бавария Йоаҳим Ҳерманн гуфт, ки ҳамаи онҳо дар ҷиноят даст доштанд ва дастикам ду нафарашон барои таҷовуз ба номус ба ҷавогарӣ кашида шуд.

Муҳаммад Осиф Аббосӣ, намояндаи Вазорати Афғонистон дар умури паноҳандагон гуфт, ки ҳадди ақал се нафари депортшудаҳо ҷинояткор буданд.

Ин аввалин ихроҷ баъди ҳамлаи террористии 31 май дар Кобул аст, ки бахше аз сафорати Олмонро хароб кард.

Дар ин ҳамла беш аз 100 нафар кушта шуд ва ин ба гурӯҳҳои пуштибони паноҳҷӯён имкон дод, ки аз депортатсияи онҳо бо сабабҳои амниятӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Мақомоти Олмон ҳоло депортатсияро нисбати се гурӯҳ истифода мекунанд - онҳое, ки ба терроризм гумонбар шудаанд, ҷиноят содир кардаанд ва онҳое, ки ҳуввияти худро ба таври дуруст ошкор намекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG