Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиллари Клитон Путинро ба "ниқорситонӣ" муттаҳам кард


Ҳиллари Клинтон дар маросими муаррифии китобаш
Ҳиллари Клинтон дар маросими муаррифии китобаш

Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби Демократ дар интихоботи соли 2016 мегӯяд, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар интихоботи соли гузаша алайҳи ӯ "ниқорҷӯии хусусӣ"-ро ба роҳ монд. Клинтон рӯзи 12 сентябр гуфт, ки ин қасос ба мавқеи присипиалии ӯ дар робита ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия рабт дошт.

Ба гуфтаи Клинтон мақомоти Русия тарафдори пирӯзии номзади ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп буданд ва ёварони Трамп робитаи худро бо Маскав пинҳон доштанд.

Собиқ котиби давлатии ИМА дар сӯҳбат бо нашрияи "Evening Standard" аз мулоқотҳояш бо Путин ёдовар шуд ва дар бораи сабки хусусии ӯ сӯҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ Путин дар рӯ ба рӯи ҳамсӯҳбат пойҳояшро кушод мемонад ва бартарии мард буданашро ба намоиш мегузорад.

Ӯ гуфт бо ин шеваи нишастан Путин ба як марди савори метро монанд аст, ки мехоҳад ҳарими дигаронро убур кунад ва гӯё паём медиҳад, ки " Ман ҳарчиро ки дилам мехоҳад мегирам" ва "эҳтироми ман нисбати шумо он қадар ночиз аст, ки метавонам тавре рафтор кунам, ки гӯё бо хилъат дар хонаам нишастаам".

Клинтон дар китобаш бо номи "Ончӣ иттифоқ афтод" навишт, ки раиси ҷумҳури пешин Барака Обама низ дар бораи Путин ҳамин мушҳидаҳоро дорад.

Китоби Ҳиллари Клинтон рӯзи сешанбе дар Ню Йорк ба фурӯш даромад. Собиқ котиби давлатӣ дар ин китоб дар бораи маъракаи интихоботӣ ва шикасташ дар интихобот ҳикоят кардааст.

XS
SM
MD
LG