Пайвандҳои дастрасӣ

Бағдод ҷангии ДИИШ аз Русияро ба қатл маҳкум кард


Додгоҳи федеролии Басра

Як ҷангии гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" аз Русия, ки дар Мавсил боздошт шуд, рӯзи 12 сентябр ҳукми қатл гирифт ва бар поияи қарори додгоҳ ба дор кашида мешавад. Дар ин бора мақомоти Ироқ хабар доданд.

Ин мард, ки номаш ошкор нест, аз соли 2015 дар сафи ДИИШ алайҳи нерӯҳои ҳукумати Ироқ меҷангид ва ба гуфтаи мақомот аввалин ҷангии мутаваллиди Русия аст, ки аз ҷониби Бағдод ба марг маҳкум шуд.

Ба гуфтаи хабаргузории France Press, ин марди 28 сола дар ҷараёни бозпурсӣ гуфтааст, ки Исломро барои худ дар Маскав, тавассути муҳоҷирони узбак кашф кард, ки дар сохтмон кор мекарданд.

France Press мегӯяд, ки ин мард баъди расиданаш ба Ироқ номашро ба Абу Ясмина ал-Русӣ иваз кард. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, баъди он боздошт шуд, ки дар як задухурд захмӣ шуда буд.

Ба думболи озодии Мавсил ва манотиқи дигар аз гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ", неруҳои Ироқ садҳо ҷангиро боздошт карданд. Хабаргузории Reuters мегӯяд, ки мақомоти Ироқ 1400 занону кӯдакони ҷангиёни ДИИШ, бо шумули шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон ва Озарбойҷонро дар як кампи вежа нигаҳ медоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG