Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Украина дастрасӣ ба ҳотели Саакашвилиро масдуд кард


Михаил Саакашвилӣ дар Лвов
Михаил Саакашвилӣ дар Лвов

Нерӯҳои амниятии Украина рӯзи 12-уми сентябр дастрасӣ ба меҳмонхонаи Лвовро, ки Михаил Саакашвилӣ баъд аз убури марзи Лаҳистон бо Украина дар он ба сар мебарад, масдуд кард.

Иван Слободняк, узви гурӯҳи мухолифини "Ҷунбиши неруҳои нав"-и Саакашвилӣ, дар Фейсбук навишт, ки кормандони пулис ва марзбонҳо субҳи рӯзи сешанбе, эҳтимол бо ҳадафӣ ба Саакашвилӣ додани "протоколи убури ғариқонунии сарҳад" ба меҳмонхонаи "Леополис" омаданд.

Пулиси Украина ин ҳодисаро шарҳ надодааст. Ба навиштаи матбуоти Украина пеш аз зуҳр гурӯҳи бузурги хабарнигорон дар назди меҳмонхона ҷамъ шуд.

Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон, рӯзи 10-уми сентябр ҳамроҳ бо ҷонибдоронаш сафи марзбонҳоро рахна кард ва аз Лаҳистон ба Украина гузашт.

Президенти Украина Петр Порошенко, як замон шарики Саакашвилӣ, ки ӯро ба мақоми волии минтақаи калидии Баҳри Сиёҳ таъин карда буд, дар пайи ихтилофҳо аз ӯ дур шуд. Саакашвили моҳи ноябр ба иллати ҷилавгирӣ шудан аз талошҳояш барои ислоҳот аз мақоми волии Одесса истеъфо дод.

Раиси ҷумҳури пешин, ки дар ватани бобоияш Гурҷистон бо ҷурми фасод ва берун рафтан аз салоҳият муттаҳам мешавад, иддао дорад, ки Оҷонсии СММ дар умури паноҳандагон ӯро шахси "бешаҳрвандӣ" эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG